МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Бахши фонетика. Муҳаққиқони тоҷик ба омӯзиши овозҳо аз солҳои бистуми асри ХХ сар кардаанд. Дар он давра ба сабаби ба алифбоҳои лотинӣ ва кириллӣ гузаштан ин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифта буд. Ба таври илмӣ тадқиқ намудани системаи овозҳои забони тоҷикӣ аз охири асри ХХ сар шудааст. Масъалаҳои овоз, фонема, садонок, ҳамсадо, ҳиҷо, зада, оҳанг ва тағйиротҳои овозӣ аз қабили мувофиқат, монандшавӣ, тахфиф, афзоиш, коҳиш, ҷойивазкунӣ, бадалшавӣ, тағйири овозҳо вобаста ба мавқеъ ва инчунин ҳамнишинии овозҳо ва ғайра мавриди омӯзиш ва тадқиқи овошиносони тоҷик гардидаанд. Муносибати илми фонетика бо илмҳои дигар, методҳои омӯзиши овозҳо, ҷиҳатҳои акустикӣ, тавлидӣ, лингвистии овозҳо, қоидаҳои ҳиҷосозию ҳиҷотақсимкунӣ, намудҳои зада ва оҳанг низ аз мадди назари муҳаққиқон дур намондааст. Дар тадқиқи масъалаҳои фонетикаи забони тоҷикӣ саҳми проф.
Т.Хаскашов, А. Неъматов, Ш. Бобомуродов калон аст.
Бахши морфология. Омӯзиши ин қисмати забоншиносӣ вобаста ба тартиб додани китобҳои дарсӣ сар шуда буд.
Масъалаи асосии морфология муайян намудани ҳиссаҳои нутқ, ҷиҳатҳои семантикӣ ва грамматикии онҳо, категорияҳои грамматикии ҳар як ҳиссаи нутқ, калимасозии ҳиссаҳои мустақили нутқ мебошад. Муҳаққиқон дар ҳалли ин масъалаҳо кӯшиши зиёде кардаанд. Албатта, дар таснифи калимаҳо ба ҳиссаҳои нутқ ва меъёрҳои муайян намудани он таъсири забоншиносии рус калон аст, зеро то Инқилоб дар мадрасаҳо грамматикаи забони арабиро меомӯхтанд ва дар он ҷо калимаҳо ба се ҳиссаи нутқ ҷудо карда мешуданд.
Забоншиносони тоҷик доир ба ҳамаи ҳиссаҳои нутқ тадқиқотҳои ҷудогона анҷом додаанд. Дар он тадқиқотҳо ҷиҳатҳои лексикӣ, дастурӣ, калимасозӣ ва вазифаи синтаксисии ҳар як ҳиссаи нутқ нишон дода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё