Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт

Ёддошти тавзеҳӣ

Боиси хушнудист, ки бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон забоншиносии тоҷик ҳам рушду тавсеа ёфт ва равияҳои нави забоншиносӣ пажуҳиши илмӣ шуда истодаанд.
Мусаллам аст, ки «Забоншиносии умумӣ» яке аз фанҳои асосии назариявии ихтисосҳои филология ва курси ҷамъбасткунандаи ҳамаи қисматҳои забоншиносӣ ба шумор меравад. Забоншиносии умумӣ ҳамчун як қисми таркибии забоншиносӣ сохтори забон, низоми забон, равияю ҷараёнҳо ва мактабҳои забоншиносӣ, умумият ва тафовути забонҳо, сатҳҳои сохтори забон: фонология, грамматика, калимасозӣ, лексика, типологияи лингвистӣ, проблемаҳои универсалии забон, яъне умумиятҳои забонҳои оламро меомӯзад.
Фанни “Забоншиносии умумӣ” дар замони соҳибистиқлолии кишвар бори аввал ба шакли маҷмуаи таълимӣ-методӣ бо фарогири барномаи таълимӣ ба нашр мерасад ва мо машғулиятҳои назариявии онро шартан ба 24 машғулият ҷудо намудем. Омӯзгори фанни мазкур метавонад онро аз рӯйи барномаи корӣ (силлабус) кам ё зиёд намояд.
Дар охири дастур ҳамчун замима луғати мухтасари истилоҳоти забоншиносӣ ва саволномаҳои тестӣ ҷой дода шуд. Ҳамчунин рӯйхати адабиёти истифодашуда ва адабиёти илмӣ барои омӯзиш ва пажуҳиши забоншиносӣ оварда шудааст. Донишҷӯён метавонанд барои омодагӣ дар дарсҳои амалӣ ва имтиҳон аз онҳо самаранок истифода баранд.
Дастури мазкур шояд аз камбуду ғалатҳо орӣ набошад, аз ин рӯ аз хонандаи закӣ хоҳиш мешавад, ки фикру мулоҳизаҳои хешро ба суроғаи кафедраи забоншиносӣ ва рӯзноманигории ДБЗХТ ба номи C. Улуғзода (734019 ш. Душанбе, Муҳаммадиев 17/6) пешниҳод намоянд. Умедворем, ки мутахассисон ва ҳамкасбон бо фикру мулоҳизаҳои худ барои ислоҳи нуқсонҳо ва мукаммал намудани нашри ояндаи он фикру мулоҳизаҳои худро дареғ намедоранд.

аз 210
навбатӣ