МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Пешгуфтор
«Забоншиносии умумӣ» яке аз фанҳои асосии назариявии ихтисосҳои филология ва курси ҷамъбасткунандаи тамоми қисматҳои лингвистика мебошад. Аз ин сабаб таълими он ба соли охири таҳсили донишгоҳҳо гузошта шудааст. Забоншиносии умумиро назария ва ё фалсафаи забон ҳам меноманд. Дар ин фан фикру ақидаи донишмандону олимони соҳаҳои гуногун - забоншиносон, файласуфҳо, мантиқшиносон, табиатшиносон, равоншиносон, ҷомеашиносон, аломатшиносон доир ба илми забон аз давраҳои қадим то имрӯз инъикос ва баррасӣ мегардад. Мусаллам аст, ки забоншиносии умумӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар равияи мактабҳои олии Русия таълим дода мешавад.
Масъалаҳои асосии баҳси забоншиносии умумӣ:
Таърихи забоншиносӣ ва даврабандии он; фикру мулоҳизаҳо доир ба баъзе масъалаҳои ҷудогонаи забон пеш аз мелод; забоншиносӣ дар асрҳои миёна ва давраи Эҳё; мактабҳои забоншиносии Қазон, Москва, Прага, Копенгаген ва Америка; равияву ақидаҳои ин мактабҳо; забоншиносии замони шуравӣ ва намояндагони он; забоншиносии тоҷик; назарияи забон; ҷиҳатҳои аломатнокии забон; системаи забон ва қабатҳои он; муносибати забон бо тафаккур, ҷамъият, таърих ва маданият; таъсири забонҳо ба ҳамдигар ва намудҳои он; методҳои забоншиносӣ: тасвирӣ, муқоисавӣ, муқоисавӣ - таърихӣ, таҷрибавӣ, статистикӣ (оморӣ) ва ғ.
Барномаи таълимии мазкур бо такя ба барномаҳои таълимии нашрнамудаи Д. Карамшоев “Программаи забоншиносии умумӣ”, (Душанбе, 1987) ва М.Норматов, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барнома (Душанбе, 2005) ва китоби дарсӣ ва дастури таълимӣ (Душанбе, 1991 ва 2006 бо ҳаммуаллифии проф. Ф. Зикриёев) тартиб дода шудааст.
Умедворем, ки мутахассисон ва ҳамкасбон бо фикру мулоҳизаҳои худ барои ислоҳи нуқсонҳо ва мукаммал намудани нашри ояндаи он фикру мулоҳизаҳои худро дареғ намедоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё