МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
МАВОДИ ДИДАКТИКӢ
Мавзуи 1.Предмет ва масъалаҳои асосии забоншиносии умумӣ
Нақша:
1.Маълумоти мухтасар доир ба забоншиносӣ.
2.Предмети забоншиносӣ.
3.Масъалаҳои забоншиносӣ.
4.Умумияти забонҳо.
5.Вазифаҳои забоншиносии умумӣ.
Забоншиносии умумӣ ҳамчун як қисми лингвистика предмети омӯзиши худро дорад. Вай масъалаҳои гуногунро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама забоншиносии умумӣ структураи забонро нишон дода, аз қисматҳои фонетикаю фонология, лексикологияю семасиология, калимасозиву морфология ва синтаксис иборат будани онро таъкид мекунад. Ин гуна тақсимот на ба ҳамаи мактабҳои забошиносии дунё хос аст, бо вуҷуди он ки чунин хусусиятҳоро дар тамоми забонҳои миллӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Забоншиносии умумӣ мавҷудияти ҳар як забони ҷудогонаро ба эътибор мегирад: масалан, забонҳои русӣ, тоҷикӣ, англисӣ, ҳиндӣ ва ғайра. Ғайр аз ин забоншиносии умумӣ ҷиҳати иҷтимоии ҳар як забонро нишон дода, мавҷудияти забони адабӣ, шеваҳо, услуби забон, хусусияти забони асарҳои бадеӣ, илмӣ ва ғайраро қайд мекунад. Ба ғайр аз ин мавҷудияти ҷараёнҳои забоншиносӣ, мактабҳо ва методҳои тадқиқотӣ, инчунин вариантҳои лингвистикаро аз қабили забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, забоншиносии тасвирӣ, структурӣ, тасвирӣ (дескриптивӣ), лингвокултурология (забоншиносии фарҳангӣ), этнолингвистика, психолингвистика, фонетикаи таҷрибавӣ нишон медиҳад.
Забонҳои дунё гуногун буда, ҳар яке аз онҳо хусусиятҳои хоси худро дорад. Вале баробари ин онҳо ҷиҳатҳои умумӣ ҳам доранд. Ин умумиятҳоро ҳам дар вазифа, ҳам дар сохт, ҳам дар алоқа ва ҳам дар таърихи онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Агар ин гуна умумият намешуд, муносибати халқҳои гуногунзабон ва ё тарҷума аз як забон ба забони дигар ва ё аз забонҳои қадим ба имрӯза номумкин мегардид. Он умумият аз инҳо иборат аст.
Ҳамаи забонҳо: а) воситаи алоқаи байни одамон мебошанд; б) дар ташаккул ва ифодаи фикр хизмат мекунанд; в) аз овозҳо, калимаҳо ва грамматика иборат буда, калимаҳо маъноро ифода карда метавонанд; г) шакли гуфтугӯйӣ ва хаттӣ дошта метавонанд, вале шакли хаттии онҳо дар давраи муайяни тараққиёт ба амал меояд; д) мувофиқи шароити таърихӣ шакли адабӣ ва услуби хос дошта метавонанд.
Вазифаи забоншиносӣ умумият ва фарқи забонҳоро нишон додан аст. Аз ин рӯ, забоншиносии умумӣ чун қисмати ҷудогонаи лингвистика омӯхта мешавад. Дар гузашта забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ асоси илми забон ва инчунин забоншиносии умумӣ фаҳмида мешуд.
Омӯзиши ҳозираи забонҳо имконият медиҳад, ки забоншиносии умумиро аз тасвири муқоисавӣ-таърихӣ ва ё муқоисаи ду ва ё якчанд забонҳо фарқ намоем. Вазифаи забоншиносии умумӣ танҳо ҷамъ намудани маводҳои забонҳои дунё набуда, балки нишон додани умумиятҳо, фаразияҳо ва қонуниятҳоест, ки ҳам ба забонҳои зиёд ва ҳам бо забони ҷудогона мувофиқат кунад. Чунин қонунро дар асоси материали як забон ва ё якчанд забон додан мумкин аст, зеро чунин хулосаву қонуну қоидаҳо ба аксари забонҳо мувофиқат мекунанд. Забоншиносии умумӣ аз забонҳо он ҳодисаҳоеро қабул мекунад, ки ба қонуни умумии забонҳо мувофиқ меоянд. Забоншиносии умумӣ ба масъалаҳои зерин, ки хусусияти умумӣ доранд, эътибор медиҳад: а) муайян намудани объекти лингвистика; б) масъалаи сохт ва структураи забон ва муносибати дохилии байни он структураҳо; в) муайян намудани функсияҳои (вазифаҳои) забон; г) тараққиёти таърихии забон, шароити дохилӣ ва берунии тараққиёти забон; ғ) аломатнокии забон ва фарқи он аз системаи аломатҳои дигар; д) ҷиҳати универсалии забонҳо ва таснифоти забонҳои дунё; е) илми забон, методҳои он, сохти дохилӣ ва алоқаи берунии он ва аз ҷумла муносибати забон бо илмҳои дигар.
Муаяйн намудани объекти илми забон низ яке аз масъалаҳои баҳснок ба шумор меравад. Илми забоншиносӣ объекти муайян ва реалиро меомӯзад ва ё системаи абстрактии мафҳумҳоро? Зеро дар баъзе асарҳои забоншиносони ҳозира ҳам баъзан қайд шудааст, ки ҳам система ва ҳам структураи забон – фонема, калима ва ҷумла чизи абстракт мебошад. Ин ақида ғалат аст, зеро забон бо тамоми мураккабии худ реалӣ ва объективист. Ин аст, ки вай предмети мушоҳида, тасвир ва ҷамъбасткунӣ, яъне предмети омӯзиши илмӣ мебошад. Масалан, яке аз воҳидҳои забон – фонемаро гирем. Фонема чизи реалӣ ва объективии забон буда, дар майнаи соҳибонаш ба таври ҷудогона вуҷуд дорад. Баробари тағйир додан ва ё иваз кардани он ҳам шакл ва ҳам маънои калима дигар мешавад:
бод, буд, бад, бед.
Супориш: Шинос шудан бо адабиёти таълимӣ:
Норматов М. ва Ф. Зикриёев «Забоншиносии умумӣ», Берёзин Ф.М. Головин Б.Н. «Общее языкознание» ва монанди инҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё