Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мавзуи 2.
Таърихи забоншиносӣ. Аз филологияи қадим то забоншиносии асри XVIII Нақша:
1.Таърихи забоншиносӣ ва даврабандии он.
2.Аҳаммияти омӯзиши таърихи забон дар муайян намудани табиат ва моҳияти забони муосир ва инкишофу тараққиёти он.
3.Забони имрӯза натиҷаи такмил ва ба меъёри муайян даромадаи забони пешина, инъикосгари ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъият.

Таърихи забоншиносӣ

Ҳар як илм таърихи худро дорад ва донистани он барои хубтар аз худ кардани ҳолати ҳозираи он ёрӣ мерасонад ва инчунин барои инкишофи он таҳкурсӣ мешавад. Мусаллам аст, ки забоншиносии муосир маҳсули ташаккули таърихии тафаккури лингвистӣ маҳсуб меёбад ва аз ин рӯ бисёр масъалаҳои асосии он танҳо дар ҷанбаи таърихӣ ҳангоми рӯ овардан ба давраҳои моқабли илм доир ба забон ва доир ба хусусиятҳои инкишофи он дар фаҳмиши гуногуни этникӣ беҳтару хубтар дарк хоҳад шуд. Ғайр аз ин донистан ва муайян кардани ҳолати пештараи илм, роҳҳои ташаккул ва такомули он ба мо имконият медиҳад, ки тадриҷан ташаккул ва бой гардидани дониши одамонро муайян намоем. Таърихи забоншиносиро ба чунин давраҳо ҷудо кардан мумкин: 1) аз давраҳои қадим то асри XVIII; 2) пайдоиши забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ ва фалсафаи забон (охири асри XVIII ва аввали асри ХІХ); 3) забоншиносии мантиқӣ ва психологӣ (миёнаи асри ХІХ); 4) неограмматистҳо ва сотсиологияи забон (охири асри ХІХ ва аввали асри ХХ); 5) забоншиносии ҳозира ва структурализм (солҳои 30-60 асри ХХ). Албатта, ҳар яке аз ин давраҳо боз ба давраҳои хурдтар ҷудо мешаванд ва ҳар яке аз онҳо методу мактабҳои худро доштанд.

пешина
аз 210
навбатӣ