МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Аз филологияи қадим то забоншиносии асри ХVIII Ин давраи забоншиносӣ бист асрро дар бар мегирад ва дар ин муддат бо оҳистагӣ заминаи илми лингвистика ба амал меояд. Забоншиносии ҳозираро бе ин давра тасаввур кардан мумкин нест, чунки бисёр проблемаҳои илми забоншиносӣ дар ҳамин давра пешниҳод шуда буданд. Ин фосилаи тараққиёти лингвистикаро дар навбати худ ба се давра: филологияи қадимаи классикӣ, забоншиносии асрҳои миёна ва давраи таҷаддуд (возрождение), инчунин забоншиносии асрҳои XVII-XVIII ҷудо мекунанд.
Филология истилоҳи юнонӣ буда, маънояш дӯст доштани калима аст. Филология ҳамон вақт ба вуҷуд омад, ки зарурати хониш ва омӯзиши осори хаттии қадима пайдо шуд. Ба инкишофи забоншиносӣ филологияи қадимаи Ҳинд ва Юнон таъсири калон расонид.
Супориш: Ёддошт доир ба таърихи забоншиносӣ ва даврабандии он Мавзуи 3.
Забоншиносӣ дар Ҳинди қадим
Нақша:
1.Забоншиносӣ дар Ҳинди қадим.
2.Сабаби тадқиқи забон дар Ҳиндустони кадим - омӯзиши забони китоби муқаддаси динӣ - фалсафии Вед.
3.Саҳми забоншиносон Панини, Яска, Вараручи Катяна, Бҳартҳари, Хемачандра дар тадқиқи масъалаҳои забон.
4.Аҳаммияти грамматикаи забони санскрити фаҳмиш ва ақидаи олимони Ҳинди қадим доир ба воситаҳои грамматикӣ, овозҳо, таркиби калима, ҳиссаҳои нутқ.
Ҳиндустонро гаҳвораи илми забоншиносӣ гуфтан
мумкин аст. Барои ҳиндуҳо омӯзиши забон ҷиҳати амалӣ
дошт, зеро забони гимнҳои динии қадимаи ҳиндуҳо – Вед ва махсусан Ригведа, ки 1500 сол пеш аз милод пайдо шуда, бо забони хеле бой ва мукаммали санскрит навишта шуда буд, дар асрҳои V пеш аз милод аз забони гуфтугӯии ҳамонвақтаи ҳиндӣ – пракрит хеле фарқ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё