Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои саҳеҳ ва пурра барқарор намудани он гимнҳои муқаддас омӯзиши санскрит сар мешавад. Дар натиҷа луғатҳои калимаҳои номафҳум ва инчунин грамматикаи Вед ба амал меояд. Китобҳоеро, ки ба масъалаҳои забон бахшида шуда буданд, веданг меномиданд. Ҳар китоб ба як қисмати забоншиносӣ бахшида шудааст. Китобе ки доир ба системаи овозҳо ва тарзи талаффуз маълумот диҳад, шикша меномиданд, ба грамматика тааллуқ дошта бошад, вякарана, ба лексикологияю этимология вобаста бошад, нирукта мегуфтанд. Маълум мешавад, ки ҳиндуҳо ба бисёр қисматҳои забоншиносӣ дахл карда будаанд. Дар асри Х пеш аз милод луғати калимаҳои номафҳуми Вед тартиб дода мешавад ва дар асри V забоншиноси номӣ Яска ба забони Вед тафсир менависад.
Яке аз забоншиносони машҳури Ҳиндустон Панини буд, ки дар асри IV пеш аз милод умр ба сар бурдааст.
Панини муаллифи грамматикаи санскрити қадима мебошад. Ин асар «Аштадҳё» («Ҳашткитоб») ном дошта, аз 4 ҳазор қоидаҳои хурди шеърӣ иборат буд. Дар ин асар хусусиятҳои овозӣ ва грамматикии санскрит чунон саҳеҳ ва пурра дода шудааст, ки илми забоншиносии Европа то асри ХІХ ба он дараҷа нарасида буд. Панини ҳиссаҳои нутқро фарқ мекард, реша, асос, бандак, флексияи дохилӣ, задаю интонатсияро медонист. Аз забоншиносони номии баъдинаи Ҳиндустон Вараручи Катяна (асри III пеш аз милод), Бхартхари (асри I), Хемачандра (XII) ва Вопадев (XIII)-ро ном гирифтан мумкин аст. Вараручи ба грамматикаи Панини шарҳ навишта, грамматикаи забони пракритро тартиб додааст. Бхартхари философзабоншинос буд, доир ба синтаксис қайдҳо дорад.

пешина
аз 210
навбатӣ