Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хемачандра забони гуфтугӯии давраи миёнаи забони ҳиндӣ – апабхранширо тадқиқ намудааст. Вопадев грамматикаи нисбатан мукаммали санскритро меофарад.
Хизмати забоншиносони Ҳинд дар соҳаи тадқиқи системаи овозҳо хеле калон аст. Ба фикри онҳо, гимнҳои муқаддаси Вед ҳамон вақт вазифаи динӣ, сеҳрҷодуии худро адо мекунанд, агар калимаҳо саҳеҳ ва пурра талаффуз гарданд.
Ҳамин чиз сабаби пурра ва ҳаматарафа омӯхтани овозҳо гардид. Онҳо хеле пеш аз юнониҳо ҳамсадою садонок, овозҳои роғу зич, ҳиҷо дарозу кӯтоҳии овозҳо, зада, интонатсия ва ҳатто фонемаю овозро фарқ карда метавонистанд. Онҳо артикулятсияи овозҳо, органҳои фаъолу пассив, иштироки бехи забон, мобайни он ва нӯги забонро дар талаффузи овозҳо нишон дода буданд. Ғайр аз ин ба тағйирёбии овозҳову ивазшавии онҳо, ки ба забонҳои Европа бештар хос асту юнониҳо ба он аҳаммияте намедоданд, диққати махсус дода буданд.
Дар масъалаи морфология ҳам олмони Ҳиндустон хеле пеш рафта буданд. Онҳо ба мисли юнониҳо ҳиссаҳои нутқро бо аъзоҳои ҷумла омехта намекарданд. Ба исм ҳамаи он калимаҳоро дохил мекарданд, ки предметро ифода кунад, ба феъл бошад, ифодакунандаи амалро.
Ҳиндуҳо чор ҳиссаи нутқро нишон дода буданд: ном (наман), феъл (акуҳата), пешоянд (упасарга) ва ҳиссача (нипата).
Ҳиндуҳо калимаро ба реша (дҳату), пасванд (пратуайа) ва бандак (вибҳакти) ҷудо мекарданд. Морфемаҳои калимасозу шаклсозро низ нишон дода буданд.
Мавҷудияти флексияи дохилиро низ медонистанд. Бояд қайд кард, ки европоиҳо мавҷудияти решаро дар калима дар асри XVI (забоншиноси яҳудӣ Ион ибни Ганна ва франсуз Анри Этен муайян кардаанд. Ҳиндуҳо дар исм мавҷуд будани 7 падежро медонистанд.
Кори бузурги забоншиносони Ҳинд ба халқҳои дигар бе таъсир намонд. Ин таъсир дар забоншиносии Хитой, Арабистон ва ба воситаи забони форсӣ дар Юнон бештар мушоҳида мешавад. Таъсири забоншиносии Ҳинд ба мамлакатҳои Европа пас аз таъсиси «Ҷамъияти осиёгӣ»
(1784) зиёд гардид. Ин дар кори бародарон Шлегелҳо, Бенфей, Ф.Бопп, Макс Мюллер, Витни, Г.Бюлер, Шпейер, Килхорн бештар мушоҳида мешавад.
Ҳамин тариқ, дар пайдоиш ва ташаккули илми лингвистика ҳиссаи забоншиносони Ҳиндустон ниҳоят калон аст.

Супориш: Мутолиа ва ёддошт доир ба саҳми олимони ҳинд
доир ба забоншиносӣ

пешина
аз 210
навбатӣ