Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мавзуи 4.
Забоншиносӣ дар Юнон ва Рими қадим Нақша:
1.Юнон гаҳвораи забоншиносии Аврупо.
2.Ақидаҳои Арасту доир ба воҳидҳои забон.
3.Хизмати намояндагони мактаби стоикҳо доир ба забон.
4.Забоншиносӣ дар Рим. Кӯшишҳои забоншиносони Рим: Марк Варрон, Элия Денат, Веррий Флакк ва Помпей Фаст.

Юнони қадимро гаҳвораи забоншиносии Европа меноманд. Дар ин мамлакати файласуфҳову шоирон забонро ҳам аввалҳо философҳо меомӯхтанд. Дар Ҳиндустони қадим омӯзиши забон хусусияти амалӣ дошта бошад, дар Юнони қадим ҷиҳати назариявӣ дошт.
Яке аз масъалаҳои асосие, ки таваҷҷуҳи филососфҳоро ба худ ҷалб намуда, баробари ин онҳоро ба ду гурӯҳи ба ҳам зид ҷудо намудааст, муайян кардани муносибати байни предмету ном мебошад. Ба фикри Гераклит (540-480 то милод), ҳар як калима бо предмети ифода мекардагиаш алоқаи зич дорад ва онро дар худ ба мисли соя ё ки акси дарахт дар об ва ё акси одам дар оина инъикос менамояд.
Демокрит (460-370 то милод) баракс таъкид мекунад, ки ном шартӣ буда, бо предмет ҳеҷ гуна алоқаи маъноӣ надорад, онро (номро) аз рӯйи одату анъана медиҳанд. Аз ин рӯ, бисёр вақт номувофиқатии ному предмет ба назар мерасад: 1) бисёр калимаҳо якчанд маънӣ доранд; 2) як қисми мафҳумҳо бо якчанд ном ифода меёбанд; 3) бо мурури замон ба як калима калимаи дигар ба вуҷуд меояд; 4)баъзе мафҳумҳо шакли ифода, яъне калима надоранд.
Аз ин рӯ, дар як ҳолат калима камӣ мекунад (полисемия) дар ҳолати дуюм калима зиёд (синонимҳо), дар ҳолати сеюм ноустувор (архаизм) ва ниҳоят, дар ҳолати чорум намерасад (омоним).
Афлотун (Платон) дар асари худ «Кратил» ҳар ду ақидаро ҳам маҳкум карда, фикри нав пешниҳод мекунад.
Ба фикри қаҳрамони асари ӯ Суқрот (Сократ), мумкин аст, номҳо дар аввал бо предмети худ алоқаи зич дошта бошанд, вале баъдтар ин муносибат гум мешавад. Баъзе номҳои ҳозира ба ин мисол шуда метавонанд. Албатта, байни ному предмет муносибату алоқа ҳаст, зеро бо ҳамин ном ифода шудани ин ё он предмет муносибату алоқа ҳаст, зеро бо ҳамин ном ифода шудани ин ё он предметро чандин насл медонад ва истифода бурдааст.
Яке аз забоншиносони Юнони қадим Арасту (384-322 пеш аз милод) буд. Вай масъалаҳои грамматикаро дар алоқамандӣ бо мантиқ омӯхта буд. Аристотел аз ҳиссаҳои нутқ исму феълро асосӣ шуморида, исмро бо мубтадо ва феълро бо хабар як мешуморад. Ӯ ном – исмро занона, мардона ва миёна номида, бо ҳамин мавҷудияти ҷинсиятро ҳам фаҳмида буд. Дар масъалаи фонетика Аристотел садоноку ҳамсадо ва ҳиҷоро фарқ мекард.
Намояндагони яке аз мактабҳои фалсафаи Юнони қадим
–стоикҳо низ доир ба масъалаҳои гуногуни забон кори зиёдеро анҷом додаанд.

пешина
аз 210
навбатӣ