Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо (Хрисипп – 280-206 ва Кратес 170 то милод) таъкид мекарданд, ки байни ному предмет муносибати зич дида мешавад. Аз рӯйи ном моҳияти аслии предметро фаҳмидан мумкин аст, яъне ном предметро инъикос карда метавонад. Ва бо ҳамин ба пайдоиши яке аз қисматҳои лексикология – этимология асос гузошта буданд. Албатта, маънидоди онҳо асосноку илмӣ набуд. Ин масъала танҳо баъди ба вуҷуд омадани забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ хусусияти илмӣ пайдо мекунад.
Стоикҳо доир ба грамматика чунин корҳоро анҷом додаанд:
1.Истилоҳи «ҳиссаҳои нутқ»-ро аз мантиқ ба забон ҷорӣ намуданд.
2.Зарфу артиклро шинохтанд.
3.Исмро (Хрисипп) ба хосу ҷинс ҷудо намуданд, вале ду ҳиссаи нутқ шумориданд.
4.Панҷ падежро нишон дода, ба онҳо ном доданд: и.п, р.п, д.п, в.п ва звателний падеж.
5.Дар забони юнонӣ 24 ҳарфро нишон дода, онҳоро ба садоноку ҳамсадо ҷудо кардаанд.
6.Се ҷиҳати ҳарфро: овоз, ном ва тасвири онро нишон доданд.
7.Дар забон мавҷуд будани шеваю лаҳҷаро қайд карданд.
Албатта, доир ба масъалаҳои забон хизмат ва роли грамматистҳои Искандария хеле калон аст ва инро қуллаи забоншиносии Юнони қадим номидан мумкин аст. Ин давраро эллинӣ меноманд, ки то соли 341-131 (пеш аз милод)-ро дар бар мегирад. Искандария яке аз шаҳрҳои Миср буда, дар он ҷо муҳоҷирони юнонӣ зиндагӣ мекарданд.
Аз асри III (пеш аз милод) сар карда шаҳри Искандария дар тӯли ҳазор сол, яъне то аз тарафи арабҳо дар соли 642 милодӣ хароб кардани он аз ҷиҳати илму маданият чунон инкишоф меёбад, ки ягон шаҳр ба он баробар шуда наметавонад.

пешина
аз 210
навбатӣ