МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Фонди китобхонаи машҳури он, ки Птоломени II дар асри III (пеш аз милод) бино карда буд, ба 800 ҳазор мерасид. Масъалаҳои забоншиносӣ дар ин давра ва дар шаҳрҳои Искандария ва Пергам (шоҳ Эвмен дар ин шаҳр солҳои 150 то милод китобхонаи машҳури дигаре месозад, ки дар он наздик 200 ҳазор дастхатҳои стоикҳо ҷамъ оварда шуда буданд) вобаста ба тафсир ва нашри асарҳои адабиёти классикӣ ва ба меъёр даровардани забони ягонаи адабии тамоми Юнон омӯхта мешуданд.
Баробари инкишофу такмили забони гуфтугӯии юнонӣ бисёр вожаҳои адабиёти классикӣ, асарҳои безаволи Гомер, Эсхил, Сафокл номафҳум гардиданд ва шарҳу эзоҳи онҳо ба миён омад. Як гуруҳ олимони Юнони қадим ба шарҳу тафсири луғавию грамматикии ин асарҳо сар карданд.
Сарвари аввалини китобхонаи машҳури Искандария Зенодот (солҳои 250 пеш аз милод) ба ин кор шурӯъ мекунад. Баъд сарвари мактаби грамматистони Искандария Аристарх (солҳои 215-143 то милод), ки солҳои зиёд ба китобхона ҳам роҳбарӣ кардааст, бо шогирдони зиёди худ, наздик 40 нафар, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, матни пурраи асарҳои Гомерро тайёр мекунанд. Дар натиҷаи ин тадқиқотҳо системаи грамматикаи забони юнонӣ ба амал меояд. Шогирди Аристарх Дионисий Фракийский (солҳои 170-90 то милод) грамматикаи забони юнониро тартиб медиҳад. Аполлоний Дискол (нимаи аввали асри II милодӣ) синтаксиси ин забонро тартиб додааст. Зенодот артикл, ҷонишин ва ҷамъи дугонаро нишон дода буд.
Аристарх 8 ҳиссаи нутқ: ном, феъл, сифати феълӣ, ҷонишин, зарф, пайвандак, пешоянд ва артиклро фарқ мекард. Дар ин давра ҳиссаҳои нутқ пурра аз синтаксис ҷудо шуда, чун воҳиди морфология дониста мешаванд.
Дионисий 5 сиғаро – номуайянӣ, хабарӣ, амрӣ, хоҳишмандӣ ва тобеиро, се тарзро – ҳаракат, мафъул ва мобайниро, се шумора – танҳо, дугона ва ҷамъро, се шахс –якум, дуюм ва сеюм ва се замон – ҳозира, гузашта ва ояндаро фарқ мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё