МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Сифати феълӣ гуфта он гуна калимаҳоро меномиданд, ки ҳам хусусияти сифат ва ҳам хусусияти феълро (бе сиғаву шахс) дорад. Грамматикаи Юнон ба забоншиносии араб ва бештар ба Европа таъсири калон расонидааст.
Забоншиносӣ дар Рим
Римиҳо асосан ба забоншиносии Юнони қадим такя карда, бисёр истилоҳҳои он забонро қабул кардаанд.
Грамматикаи онҳо низ тақлид ба грамматикаи юнонист, фақат римиҳо қисмати услубро илова мекунанд. Ғайр аз ин онҳо ба ҳиссаи нутқ нидоро илова мекунанд, вале артиклро, ки хоси забони лотинӣ нест, аз ҳисоб мебароранд ва боз 8 ҳиссаи нутқ мемонад. Забоншиносони Рим ба грамматика падежро, ки дар забони юнонӣ набуд, илова мекунанд. Ин корро Юлий Сезар кардааст. Аз забоншиносон Элий Стило (солҳои 150-70 то милод), Марк Варрон (116-27), Элия Донат (асри IV), Приссион (асри VI), Веррий Флакк ва Помпей Фестро ном бурдан мумкин аст, ки грамматикаи забони лотиниро тартиб додаанд. Китоби ду муаллифи баъдина то замони мо омада расидааст.
Супориш: Мутолиа ва ёддошт доир ба саҳми олимони Юнон
ва Рими қадим доир ба забоншиносӣ Мавзуи 5.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё