Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забоншиносӣ дар асрҳои миёна. Забоншиносӣ дар
Арабистон

Нақша:
1.Забони лотинӣ ҳамчун забони илм ва дин.
2.Забоншиносӣ дар Арабистон. Бағдод, Басра ва Куфа марказҳои забоншиносӣ.
3.Хизмати донишмандони миллатҳои гуногун ба мисли Халил - Ал - Фарҳодӣ, Сибавайҳӣ, Ибни Сино, Сағонӣ, Фирӯзободӣ, Маҳмуди Қошғарӣ дар шаклгириву инкишофи забоншиносии араб.

Забоншиносӣ дар асрҳои миёна

Асрҳои миёна давраи тӯлониро дар бар мегирад. Он аз соли 476, вақте ки ҷоҳилон Римро ғорат мекунанд ва оташ мезананд, сар шуда, то соли 1492 – кашфи Америка аз тарафи Колумб, давом мекунад. Ин давра дар таърих сукути ақлонӣ дар тамоми соҳаҳо ва аз ҷумла забоншиносӣ номида шавад ҳам, ба халқҳои эроннажод он қадар мувофиқат намекунад, зеро бисёр адибон ва мутафаккирони машҳури мо, аз қабили Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Фахриддини Розӣ, Насируддини Тӯсӣ, Шамси Қайси Розӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммади Ғазолӣ, Абурайҳони Берунӣ ва садҳо адибону олимони дигар дар ҳамин давра умр ба сар бурдаанд.
Дар асрҳои миёна европоиҳо танҳо забони лотиниро меомӯхтанд. Забони лотинӣ ҳамчун забони илм ва дин забони ягонаи халқҳои Европа дониста мешуд. Қонуну қоидаҳои забони лотинӣ ба ҳамаи забонҳо ҷорӣ карда мешуданд.

пешина
аз 210
навбатӣ