МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Хусусиятҳои хоси забонҳои дигар ба назар гирифта намешуданд. Забони лотинӣ мактаби тафаккури мантиқӣ шуморида мешуд. Забон гӯё аз ҷиҳати моҳияти мантиқӣ барои ҳамаи халқҳо умумӣ аст, танҳо аз рӯйи шакл ва хусусиятҳои овозӣ фарқ мекунаду бас. Ҳамин ақида баъдтар (асри ХVII) асоси пайдоиши грамматикаи универсалӣ гардид. Баробари пайдоиши дини насронӣ бисёр халқҳо соҳиби хат гардиданд ва дар калисоҳо забонҳои ҷудогона омӯхта мешудагӣ шуд ва асарҳои динӣ аз лотинӣ ба он забонҳо тарҷума шуданд.
Дар ин давра пасвандро фарқ мекарданд. Ҳиссаи нутқи номро ба исму сифат ҷудо намуданд. Баҳси фалсафӣлингвистии байни реалистҳову номиналистҳо авҷ мегирад.
Ба фикри роҳбари реалистҳо – Анселм (1033-1109), гӯё ба таври реалӣ мафҳумҳои умумӣ (масалан, дарахт, хона, кӯҳ, ҳаракат ва ғайра) вуҷуд доранд, предмет ва ҳодисаҳои воқеии бо ин мафҳумҳо мувофиқаткунанда акси суст ва хираи онҳоанд. Ин ҷараёни идеалистӣ буд.
Ба фикри номиналистҳо, ки сардорашон Росселин (1050-1110) ва Пер Абеляр (1079-1142) буданд, предметҳои ҷудогонаи воқеӣ бо хусусиятҳои хоси худ ба таври реалӣ вуҷуд доранд, мафҳумҳои умумӣ бошанд, аз ҳамин предметҳо бо ёрии тафаккури мо ба вуҷуд оварда шудаанд.
Ин ақидаи дуруст буд, бинобар ин намояндагони калисо ҳамеша ба муқобили онҳо мебаромаданд.
Забоншиносӣ дар Арабистон
Дар асрҳои VII-VIII давлати бузурги арабҳо – хилофат ба амал меояд. Ба ин давлат на танҳо худи Арабистон, балки тамоми мамлакатҳое, ки аз тарафи арабҳо забт карда шуда, дини исломро қабул карда буданд, дохил мешуданд.
Халқҳои Шимолии Африка, Нимҷазираҳои Пиреней, Эрону як қисми Кавказ, Осиёи Миёнаву Афғонистон низ ба ин давлати бузург шомил буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё