МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ин давлати гуногунзабон ва гуногунмаданият буд, вале забони давлатӣ забони арабӣ ва дин дини ислом буд. Забони арабӣ барои халқҳои гуногунзабоне, ки дини исломро қабул карда буданд, забони ягонаи дин ва китобат ба шумор мерафт. Ҳамин ҳолатро хеле баъдтар дар мамлакатҳои Европа ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Забони лотинӣ мисли забони арабӣ барои ҳамаи ин халқҳо забни ягонаи дин ва китобат буд. Таъсири маданияти баланди ҳиндуҳо ва юнониҳо мушоҳида мешавад. Дар Арабистон ҳам омӯзиши забон ҷиҳати амалӣ дошт.
Аксари муҳаққиқон Абу Асвад Дуалиро асосгузори илми забоншиносии араб мешуморанд. Кори ӯро шогирдонаш – Абу Амр Исо ибни Умар-ас-Сакофӣ ва инчунин Халил ибни Аҳмад ал-Фарҳодӣ ва шогирди ӯ Сибавайҳ давом медиҳанд. Забоншиносони араб дар се марказ фаъолият доштанд. Мактаби забоншиносии Басра соли 636 ва Куфа соли 638 ба амал меояд.
Забоншиносони басрагӣ ба таври қатъӣ риоя кардани меъёру нормаҳои забони классикии арабӣ, хусусан китоби муқаддаси Қуръон ва назми классикиро талаб мекарданд.
Забоншиносони мактаби Куфа бештар ба ҷиҳати амалӣ таваҷҷӯҳ доштанд. Инҳо ба меъёру нормаи забони классикӣ ва сохти наҳвиёти он эҷодкоронаву озод муносибат карданро з мешумориданд. Бинобар он ба забони шифоҳии мардум низ такя менамуданд. Соли 762 шаҳри Бағдод маркази Хилофати Аббосиён мегардад ва маркази забоншиносии сеюм дар ин ҷо ба амал меояд ва баъзе забоншиносони он ду марказ ба ин ҷо меоянд.
Муҳаққиқони ин мактаб аввал ақидаи забоншиносони Куфоро тарафдорӣ карда бошанд ҳам, баъд ақидаи забоншиносони басрагиро дастгирӣ мекунанд ва дар охир ҳар ду ақидаро муттаҳид менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё