Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асари Халил ибни Аҳмади Басрӣ «Китоб-ал-ъайн» то замони мо нарасидааст, вале аз рӯйи асари «Ал-китоб»-и Сибивайҳ маълум мешавад, ки Аҳмади Басрӣ бунёдгузори арӯзи арабӣ буда, сохтори калимаҳои арабӣ, овозҳои ҳамсадо, садонокҳои кӯтоҳ, хусусиятҳои сифатию миқдории онҳоро (аз қабили овозҳои халқӣ, забонӣ, дандонӣ) нишон додааст.
Бо вуҷуди он ки бисёр масъалаҳои илми забонро Халил ибни Аҳмад баён кардааст, тадқиқи системаноки грамматикаи забони арабӣ дар асари Сибавайҳ – «Алкитоб» дода шудааст. Муаллиф маълумоти парокандаи дар забоншиносии араб ҷой доштаро ба як низоми муайян дароварда, нормаи забони арабӣ ва истилоҳоти марбути забоншиносиро ҳам додааст. Сибавайҳ ё ки Абу Бишр Амр ибни Усмон ибни Қимбор форс буда, дар мактаби забоншиносии Басра фаъолият доштааст. Ӯро эрониҳо Себуя меноманд. «Ал-Китоб» аз 568 фасл иборат буда, доир ба бисёр масъалаҳои забон маълумот медиҳад.
Сибавайҳ дар забони арабӣ 39 ҳарфро нишон дода, аз рӯйи тарзи ҳосилшавиашон ба 26 навъ ҷудо кардааст. Овозҳоро аз рӯйи тарзи талаффузашон ба чор гурӯҳ – ором талаффузшаванда, ба монеаҳо дучоршаванда, талаффузашон пӯшида ва талаффузашон кушод ҷудо кардааст. Овозу ҳарфро хеле хуб фарқ мекарданд.
Сибавайҳӣ ҳиссаҳои нутқро мисли забоншиносони дигари араб ба се гуруҳ ҷудо кардааст: исм, феъл, ҳиссача (ҳуруф). Исмро ба муайяну номуайян, хосу ҷинс, ошкору (исмҳои аслӣ) ниҳон (ҷонишинҳои шахсӣ), умумӣ (ҷонишинҳои ишоративу нисбӣ) ҷудо намудааст. Ӯ шумораро ба миқдорӣ ва тартибӣ ҷудо мекунад ва ҳамнишинии онҳоро бо шумурдашавандаашон (исмҳо) нишон додааст. Ҷонишинро ба шахсӣ, ишоратӣ ва нисбӣ ҷудо мекунад. Феълро бошад, ба замони гузашта (мозӣ), ҳозира-оянда (музореъ) ва амр ҷудо карда, категорияҳои он: гузаранда-монда, фоил-мафъул, шахсу шумора, сиға, инчунин шаклҳои ғайритасрифии феъл ва аффиксҳои феълсозро нишон додааст.

пешина
аз 210
навбатӣ