Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сибавайҳ ва забоншиносони дигари араб ба ҳиссача калимаҳоеро дохил кардаанд, ки аз хусусияти флективӣ ва маънои луғавӣ маҳруманд.
Забоншиносони араб ба асосҳои грамматикаи забон:
наҳв, яъне таълимот дар бораи тағйири калима, сарф – таълимот дар бораи калимасозӣ ва ҳуруф – таълимот дар бораи тағйири овозҳо ҳангоми созмондиҳии воҳидҳои нутқро дохил намуданд. Онҳо решаи сеҳамсадоӣ (котиб, қатл, қобил) хеле хуб омӯхта буданд. Аффиксу флексияро нишон дода, вазифаи онҳоро хуб мефаҳмиданд.
Арабҳо ҷумла гуфта тартиби калимаҳоеро дар назар доштанд, ки фикри ба итмомрасидаро фаҳмонида, аз рӯйи қонунияти муқаррарӣ ба ҳам омадаанд. Ҷумла ҳадди ақал аз ду калима тартиб меёбад. Ҷумла калон ва хурд мешавад.
Ҷумла номӣ, феълӣ ва ҳолӣ мешавад. Ҷумла бо исм сар шавад, номӣ, бо феъл сар шавад, феълӣ ва бо ҳоли замон ё макон сар шавад, ҳолӣ гуфтаанд. Сараъзоҳоро мубтадову хабар ё ки фоилу феъл номидаанд. Аъзоҳои пайрав пуркунанда (мафъул), ҳоли тарзи амал (ҳол), махсусгардонӣ (тамиз), истисно ва баёния (тавобеъ) гуфтаанд. Се навъи алоқа – мувофиқат, вобастагӣ ва ҳамроҳиро фарқ кардаанд.
Арабҳо калимаро аз рӯйи сохту таркиб, семантика, пайдоиш ва дараҷаи истеъмол тасниф намудаанд.
Калимаҳои кӯҳнашударо (то ислом) низ медонистанд. Ба сермаъноии калимаҳо низ эътибор додаанд. Маъноҳои мушаххас, умумӣ ва маҷозии калимаҳоро фарқ мекарданд.
Синоним, омоним ва антонимҳоро низ нишон додаанд.
Луғатҳои тафсирӣ, соҳавӣ, синонимӣ, калимаҳои нодир, иқтибосӣ ва тарҷумавиро медонистанд.
Мақсад пурра ва сахҳ омӯхтани китоби муқаддаси оини ислом – Қуръон буд.

пешина
аз 210
навбатӣ