Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар мактаби забоншиносии Басра, Куфа ва Бағдод олимони зиёде аз тамоми гӯшаву канори Хилофат ҷамъ омада буданд. Дар байни онҳо баробари арабҳо аз халқу миллатҳои дигар – Халил-ал-Фарҳодӣ, Ибни Дурейд, форсҳо Сибавайҳ (Себӯя), Халил ибни Аҳмад, Кисоии Форсӣ, Абуҳотами Сиистонӣ, Фирӯзободӣ, Абуалӣ Синои тоҷик, Сағонии ҳинд, Маҳмуди Қошғари турк ва дигарон фаъолият доштанд.
Таъсири ақидаи забоншиносии араб на танҳо ба халқҳои форсу тоҷик, балки ба халқҳои Европа низ хеле калон аст.
Масалан, аврупоиҳо мафҳуми решаро аз арабҳо фаҳмиданд, чунки инро юнониҳову римиҳо ҳоло намедонистанд.

Супориш: Мутолиа ва ёддошт доир ба забоншиносӣ дар
Арабистон

Мавзуи 6.
Афкори забоншиносии тоҷику форс дар асрҳои миёна

Нақша:
1.Аз таърихи забоншиносии тоҷику форс.
2.Қайду мулоҳизаҳои Форобӣ, Сино, Носири Хусрав,
Насриддини Тӯсӣ, Шамси Қайси Розӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ,
Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва диг. доир ба луғат,
сарфу наҳв ва дигар масъалаҳои забон.

Забони тоҷикӣ ба сифати предмети таълимӣ то
Инқилоби Октябр таълим дода намешуд, зеро худи ин фан
ба таври ҷудогона вуҷуд надошт. Ба сифати китоби дарсӣ
дар мактабу мадрасаҳо грамматикаи забони арабӣ таълим
дода мешуд. Вале ин маънои онро надорад, ки гузаштагони
халқи тоҷику форс доир ба масъалаҳои гуногуни забон чизе нагуфтаанд.

пешина
аз 210
навбатӣ