МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Маълум аст, ки забони арабӣ дар мамлакатҳое, ки дини исломро қабул карда, ба Хилофати араб дохил шуда буданд, чун забони дину илм пазируфта шуда буд. Аз ин рӯ, дар шаклгирии грамматикаи забони арабӣ саҳми донишмандони форсу тоҷик беандоза калон аст. Муаллифи грамматикаи қадимтарини забони арабӣ («Ал-Китоб»), ки то замони мо омада расидааст, эроннажод буд. Ӯро форсҳо Себӯя ва арабҳо Сибавайҳ мегӯянд. Ин китоб ҳам барои забоншиносони минбаъдаи араб ва ҳам форсу тоҷик намуна буд. Китобҳои минбаъда дар пайравии он навишта шудаанд.
Донишмандон-забоншиносони форсу тоҷик аз қабили Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Фахриддини Розӣ, Носири Хусрав, Насируддини Тӯсӣ, Шамси Қайси Розӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ ва дигарон доир ба масъалаҳои ҷудогонаи забоншиносӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён кардаанд. Асарҳои бештари онҳо ба забони арабӣ ва дар қолабҳои он навишта шудааст, вале дар он китобҳо хусусиятҳои забони тоҷикӣ низ баён гардидааст.
Забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна бештар хусусияти амалӣ дошт, зеро мақсад пажӯҳишу омӯзиши қонунҳои забон, шарҳу маънидоди ҳодисаҳои ҷудогонаи забон, беғалат қироат кардану навиштани матн буд.
Аксари донишмандони форсу тоҷик ақидаҳои забоншиносии худро асосан дар фарҳангномаҳо, осори фалсафӣ, дар асарҳои улуми сегона, яъне арӯз, қофия ва илми бадеъ ва инчунин ҳангоми гуруҳбандии илмҳо баён намудаанд.
Дар бунёди илми забоншиносии форсу тоҷик хизмати чор тан аз донишмандони илму фарҳанги он – Абуалӣ ибни Сино, Насируддини Тӯсӣ, Шамси Қайси Розӣ ва Хоҷа Ҳасани Нисорӣ бағоят бузург аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё