Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абуалӣ ибни Сино бо таълифи рисолаи илмии «Махориҷ-ул-ҳуруф» ва «Донишнома»-и худ пойдевори забоншиносии форсу тоҷикро гузошта бошад, Насируддини Тӯсӣ бо асарҳояш «Асос-ул-иқтибос» ва «Меъёр-ул-ашъор» он пойдеворро боз ҳам мустаҳкам намуд. Шамси Қайси Розӣ бо таълифи «Ал-мӯъҷам» ба дастурнависии форсу тоҷик асос гузошт. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ бошад, дар «Чаҳор гулзор»-и худ ҳамаи ин фикру ақидаҳоро ҷамъбаст намуд.

Супоришот:
1.Навиштани реферат доир ба забоншиносии тоҷику форс дар асрҳои миёна; 2.Аз асарҳои Д.Хоҷаев мутолиа ва ёддошт намоед.

Мавзуи 7.
Олимони забоншиносии тоҷику форс дар асрҳои миёна.
Асарҳо ва андешаҳои олимон
Нақша:
1.Асарҳо ва рисолаҳои забоншиносии Абуалӣ ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Носири Хусрав, Насриддини Тӯсӣ, Шамси Қайси Розӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон доир ба забоншиносӣ.

Абуалӣ ибни Сино доир ба системаи овозҳо бо номи
«Махориҷ-улҳуруф» (соли 1024) бо забони арабӣ асаре
эҷод мекунад. Ин асарро забоншинос Ахвледианӣ В.Г. бо
номи «Рисолаи фонетикии Авитсена» соли 1966 ба русӣ
тарҷума мекунад. Рисола аз 6 бахш иборат буда, дар онҳо
сабаби пайдоиши овозҳо, ҷойи пайдоиши онҳо ва навъҳои
овозҳоро нишон медиҳад. Ӯ овозҳоро ба муфрад ва
мураккаб ҷудо мекунад. Овозҳои б, т, ч, з, д, к, л, м, н-ро
муфрад ва боқиро мураккаб меномад. Овозҳоро ба ҳамсадо (сомит) ва садонок (мусавват) ҷудо намудааст.

пешина
аз 210
навбатӣ