МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ба омӯзиш ва тадқиқи исму феъл, ки ду ҳиссаи нутқи асосӣ ва хеле мураккаб мебошад, эътибори ҷиддӣ дода, аломат ва хусусиятҳои асосии онҳо нишон дода шудааст. Ба тадқиқи ин масъала забоншиносони маъруфи тоҷик Н.Маъсумӣ, Д.Тоҷиев, Ш.Рустамов, Ш.Ниёзӣ, В.С.Расторгуева ҷиддӣ машғул шудаанд. Дар омӯзиши ҳиссаҳои дигари нутқ забоншиносони зиёди дигар саҳм гузоштаанд. Доир ба исм, сифат, ҷонишин, феъл, зарф, пешоянду пасоянд, пайвандак ва ҳиссачаҳо тадқиқотҳои алоҳида мавҷуд аст. Паҳлуҳои ҷудогонаи ин ҳиссаҳои нутқ ҳам омӯхта шудааст. Тарзу роҳҳои калимасозӣ ҳам аз назари муҳаққиқон дур намондааст.
Бахши синтаксис. Ин қисмати забоншиносӣ муҳимтарин бахши илми забон мебошад, зеро вазифаи асосии забон муоширати байни одамон ва ифодаи фикр аст ва ин ду вазифа ба туфайли ҷумла, ки воситаи асосии омӯзиши синтаксис аст, амалӣ мегардад. Шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки, дар забоншиносии тоҷик ба ин масъала таваҷҷӯҳи зиёд додаанд. Ба вазифаи предмети омӯзиши синтаксис ибораву ҷумла ва навъҳои алоқаи байни калимаҳову ҷумлаҳо медарояд.
Дар забоншиносии тоҷик ибораҳои исмӣ, сифатӣ, ҷонишинӣ ва феълӣ нисбатан пурра омӯхта шуда, асарҳои ҷудогона ба табъ расидаанд. Дар омӯзиши масъалаҳои ибора саҳми С.Мирзоев хеле калон аст.
Сараъзо ва аъзоҳои пайрав ҳам тадқиқ гардидаанд. Доир ба мубтадо, хабар, пуркунанда, муайянкунанда ва холҳо мақолаҳову асарҳои ҷудогона ба табъ расидаанд. Ҷумлаҳои содда аз ҷиҳати ифодаи марому мақсад ҳам тадқиқ гардидаанд. Хелҳои ҷумлаҳои соддаи яктаркиба низ мавриди омӯзиш гардида, доир ба онҳо мақолаҳову асари алоҳида ба табъ расидааст. Дар тадқиқ ва омӯзиши ҷумлаҳои содда олимони зиёд саҳм дошта бошанд ҳам, хизмати проф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё