МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
М.Ф. Исматуллоев хеле чашмрас аст. Доир ба намудҳои алоқаи байни калимаҳо ва воситаи грамматикии ифодаи онҳо низ тадқиқотҳои алоҳида гузаронида шудааст.
Омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб асосан ба солҳои ҳафтод ва ҳаштоди асри ХХ рост меояд. Ин бахши синтаксис нисбатан зиёдтар таваҷҷӯҳи муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст. Масъалаҳои асосӣ ва муҳимтарини ин қисмат меъёрҳои таснифи ҷумлаҳои мураккаб, принсипҳои асосии гурӯҳбандии ҷумлаҳои пайрав ва ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб, омӯзиши ҷумлаҳои пайрави ҷудогона мебошанд. Доир ба ҳамаи ин масъалаҳо дар забоншиносии тоҷик тадқиқотҳои ҷудогона гузаронида шуда, мақолаву асарҳои алоҳидаи зиёд ба табъ расидаанд. Дар омӯзиш ва тадқиқи ин масъалаҳо забоншиносони зиёд саҳм гузошта бошанд ҳам, ҳиссаи забоншиносони шинохта ва маъруф Д.Тоҷиев, Ш.Рустамов, Ф.Зикриёев, М.Қосимова, Б.Камолиддинов ниҳоят калон аст. Ба заи давлатии ба номи Ибни Сино тақдир гардидани «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» (3 ҷилд) шарафмандии тамоми забоншиносони тоҷик мебошад.
Бахши забон ва услуби адибон. Тадқиқ ва омӯзиши забон ва услуби асарҳои ҷудогонаи адибони муосир ва классик як ҷиҳати муҳимми илми забоншиносии имрӯза мебошад, зеро забони адиби ҷудогона ҷузъи забони адабии тоҷик мебошад. Дар ин бахш олимони тоҷик тадқиқоти ҷиддиро анҷом додаанд. Дар ин гуна тадқиқот ҷиҳатҳои лексикӣ, морфологӣ, синтаксисӣ ва услубии асари ҷудогона батафсил тадқиқ карда мешавад. Бо ин тарзи омӯзиш на танҳо ҷиҳатҳои ба худ хоси забони ин ё он адиби ҷудогона, балки роҳи инкишоф ва такмили забони адабии умумӣ низ муайян карда мешавад. Дар забоншиносии тоҷик забон ва услуби повестҳои «Марги судхӯр», «Одина» ва очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»-и устод С.Айнӣ, романи «Одамони ҷовид»-и Р.Ҷалил, ҳикояҳои Ҳ.Карим, забон ва услуби Аҳмади Дониш ҳаматарафа тадқиқ гардидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё