МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Дар ин давра доир ба тағйири таркиби луғавӣ ва инкишофу такмили он якчанд тадқиқотҳо ба амал меоянд. Ҳолату тағйироти таркиби луғавии забонро дар нимаи дуюми асри ХІХ ва аввали асрии ХХ Н.Маъсумӣ тадқиқ намуда бошад, хусусиятҳои синонимҳо, омонимҳо ва антонимҳои забони тоҷикиро муҳаққиқон М.
Муҳаммадиев, Қ. Тоҳирова мавриди омӯзиш қарор дода, асарҳои таълимии ҷудогона ҳам ба табъ расонидаанд.
Яке аз роҳҳои бой гардидани таркиби луғавии забон иқтибоси калимаҳо аз забонҳои дигар мебошад. Ин мавзуъ низ таваҷҷуҳи муҳаққиқони тоҷикро ба худ ҷалб кардааст.
Ба забони тоҷикӣ аз забонҳои зиёд калима иқтибос шудааст.
Теъдоди калимаҳои забонҳои арабӣ ва русӣ хеле зиёд аст.
Доир ба ибораҳои фразеологӣ низ дар забоншиносии тоҷик тадқиқотҳои зиёд анҷом дода шудааст. Натиҷаҳои он бар шакли мақолаҳо, дастурҳо, асарҳои ҷудогона ва луғатҳо дастраси хонандагон гардидааст.
Бахши ниҳоят муҳимми ин қисмати забоншиносӣ тадқиқ ва омӯзиши луғатҳо ва таълифи онҳо мебошад. Бо забони форсӣ-тоҷикӣ як навъи луғат – луғати тафсирӣ ниҳоят зиёд тартиб дода шудааст. Ба ақидаи муҳаққиқон, то 300 намуди ин луғат мушоҳида мешавад. Як қисми ин луғатҳо – «Луғати фурс», «Фарҳанги Рашидӣ», «Меъёри Ҷамолӣ», «Чароғи ҳидоят», «Шамс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Баҳори аҷам» мавриди омӯзиш гардида бошанд, луғатҳои муътабари «Ғиёс-ул-луғот», «Бурҳони қотеъ» ба алифбои кириллӣ гардонида шудаанд. Ба табъ расидани «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (2 ҷилд), «Фарҳанги ибораҳои рехта» (2 ҷилд), «Луғати тоҷикӣрусӣ» ва «Луғати русӣ-тоҷикӣ» ва луғатҳои зиёди нисбатан хурди дигари тарҷумавӣ, луғати синонимҳо, антонимҳо ва луғатҳои соҳаҳои ҷудогона ва ниҳоят «Энсиклопедияи советии тоҷик» (8 ҷилд) ва «Энсиклопедияи адабиёт ва санъат» (2 ҷилд, ҷилди 3-
юмаш дар замони Истиқлол чоп шуд) ба он шаҳодат медиҳад, ки илми лексикографияи тоҷик дар замони ҳозира ҳам хеле пеш рафтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё