Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба намуди морфологӣ-синтаксиӣ калимаҳое дохил мешаванд, ки аз ду реша сохта шудаанд: додугирифт, гуфтугӯ, пухтупаз, тирукамон, сайругашт, кӯчокӯч, сарҷумла, сарнавишт, забоншинос, чашмдошт, саросар, пешопеш, тӯда-тӯда, чорзону, якпаҳлӯ, дудаста...
Ба гурӯҳи лексикӣ-синтаксисӣ бошад, калимаҳое дохил мешаванд, ки аз қолабҳои таркибу ибораҳо бе ягон тағйироти овозӣ ба амал омадаанд: Шаҳринав Конибодом, Ҳуснигул, мардикор, рӯйҷо, маргимуш.
Ба намуди лексикӣ-семантикӣ он гурӯҳ калимаҳо дохил мешаванд, ки як шакл маъноҳои гуногунро ифода мекунад.
Омониҳо ҳамин гуна хусусият доранд: бор, шаст, ток, май Фразеологияро низ илми мустақил мешуморад.
Виноградов В.В. ба назарияи синтаксис омӯзиши ибора ва намудҳои он, ҷумла ва хелҳои он ва инчунин банди синтаксисиву синтагмаро дохил мекунад. Ибора ҳамчун воҳиди номинативӣ баракси ҷумла ҳамчун воҳиди коммуникативӣ гузошта шудааст. Предикатсия ва модалият аломатҳои асосии ҷумла ва категорияи марказии синтаксис дониста мешавад.
В.В. Виноградов ба ҷиҳати услубии забон аҳаммияти махсус медиҳад. Ба фикри ӯ, забон функсияҳои муносибат, хабардиҳӣ ва таъсиррасониро адо мекунад. Мувофиқи ҳамин вазифаҳо услубҳои маъмулӣ-маишӣ (вазифаи муносибат), маъмурӣ-коргузорӣ, расмӣ-ҳуҷатӣ ва илмӣ (вазифаи хабардиҳӣ), инчунин услуби публисистиву бадеӣ (вазифаи таъсиррасонӣ) мавҷуд мебошад.
В.В. Виноградов асосгузори курси таърихи забони адабӣ шуморида мешавад. Китоби ӯ «Очеркҳо оид ба таърихи забони адабии руси асрҳои ХVII-ХІХ» дар славяншиносӣ курси аввалини системаноки таърихи забони адабии рус буда, аз грамматикаи таърихӣ фарқ мекунад. Дар ин курс ташаккули забони халқияту миллат, азнавсозии забони адабӣ, дигаргунии қатъӣ дар инкишофи системаи услуби забони адабии русӣ вобаста ба фаъолияти Ломоносову Пушкин омӯхта мешуданд.

пешина
аз 210
навбатӣ