МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Супориш: Мутолиа ва ёддошт намудани фаъолияти забоншиносии Марр Н.Я., Мешанинов И.И., Шерба Л.В. ва Виноградов В.В.
Мавзуи 19.
Забоншиносии тоҷик дар давраи Шуравӣ
Нақша:
1.Баҳсу мулоҳизаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ дар солҳои бист ва сиюми асри XX.
2.Иштироки олимон дар ин баҳсҳо. Саҳми олимон дар забоншиносии тоҷик.
Баъди барқарор гардидани ҳокимияти шуравӣ дар Тоҷикистон олимон ва забоншиносон кӯшиш мекунанд, ки халқро ҳар чӣ тезтар саводнок кунанд. Бо ин мақсад соли 1928 ба алифбои арабӣ алифбои лотинӣ ва соли 1940 алфавити ҳозира, крилитса қабул карда мешавад. Нимаи дуюми солҳои бист ва аввали солҳои сиюми амри ХХ дар атрофи забони тоҷикӣ ва алифбо баҳсу мунозираҳои зиёде ба амал меояд. Фикрҳои гуногун баён карда мешаванд.
Доир ба ин масъалаҳо чандин мақола ва баромадҳои зиёиёни равшанфикри он замон – С.Айнӣ, А.Фитрат, Т.Зеҳнӣ, С.Ализода, Б.Азизӣ, О.Исматӣ, Р.Ҳошим, А.Мунзим, Е.Н.Бертелс, М.С.Андреев, Б.Дяков, А.Деҳотӣ, Бектош, Ф.Аълозода, В.Валихуҷаев ва дигарон дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ мерасанд.
Пантуркистон ва эронпарастон, мавҷудияти халқи тоҷик ва забони онро инкор мекарданд. Пантуркистон мегуфтанд, ки тоҷикон ҳам асосан турк буда, ба таъсири форсҳо монда тоҷик шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё