МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Таълимоти В.В.Виноградов доир ба калима, услуб ва
синтаксис
Виктор Владимирович Виноградов (1895-1969) яке аз забоншиносони маъруф ва машҳури замони шуравӣ мебошад. Виноградов шогирд ва давомдиҳандаи кори А.А.Шахматов ва Л.В. Шерба буд. Ӯ тамоми қисматҳои забоншиносиро мавриди тадқиқ қарор дода, асарҳои баландмазмуни илмӣ эҷод кардааст. Аз асарҳои нисбатан маълуми В.В. Виноградов инҳоро номбар кардан кардан мумкин аст: «Доир ба вазифаҳои услубшиносӣ» (1923), «Забони Пушкин» (1935), «Услуби Пушкин» (1941), «Забони русӣ. Таълимоти грамматикӣ оид ба калима»
(1947), «Доир ба забони адабиёти бадеӣ» (1959) ва ғ.
Дар консепсияи лингвистии Виноградов калима ва услуби забон асосӣ ва марказиро ишғол мекунад. Калима ба яке аз чор намуди структурӣ-семантикӣ тааллуқ дорад:
калима-ном (ҳиссаҳои мустақилмаъно), калимаҳои ёридиҳанда, калимаҳои модалӣ ва ҳиссачаҳо, нидо.
Намудҳои структурӣ-семантикии калимаҳо аз рӯйи панҷ аломат тавсиф карда мешаванд: семантикӣ, морфологӣ, калимасозӣ, синтаксиӣ ва фонетикӣ.
Калимасозиро фанни ҷудогонаи лингвистика шуморида, чор навъи он: морфологӣ, морфологӣ-синтаксиӣ, лексикӣ-синтаксисӣ ва лексикӣ-семантикиро нишон медиҳад.
Олимон минбаъд ин намудҳо ва ё қолабҳои калимасозиро дар забонҳои дигар ҳам нишон медиҳанд.
Ҳоло дар забоншиносии тоҷик ҳам калимасозӣ аз рӯйи ҳамин намудҳо гурӯҳбандӣ карда мешавад. Ба намуди морфологӣ калимаҳое дохил мешаванд, ки аз реша бо илова кардани пасванду пешвандҳо сохта шудаанд: коргар, омӯзгор, шикорчӣ, гулистон, чашма, сӯзанак, олуча, сабзӣ, деҳқонӣ, хониш, тирамоҳӣ, кӯдакона, чӯбин, сабзина, омадан, баркамол, даромадан, баромадан ва ғ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё