МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Дар масъалаи синтаксис Л. Шерба назарияи синтагмаро чун воҳиди асосии синтаксис ба вуҷуд меоварад. Синтагма ин ягонагии фонетикиест, ки маънои яклухтро дар ҷараёни нутқ-фикр ифода мекунад ва аз калима, ибора ва ҳатто гурӯҳи ибораҳо таркиб меёбад.
Вай дар соҳаи фонетикаи таҷрибавӣ хеле пурмаҳсул кор карда, назарияи фонемаи худро ба вуҷуд оварда, онро дар «Фонетикаи забони фаронсавӣ» (1937) ифода намудааст.
Вай ҳамеша муносибати зичи фонологияву фонетикаро қайд менамуд. Шерба муҳим ва аҳаммиятнок будани таҷрибаи лингвистиро нафақат дар соҳаи фонетика, балки грамматика ва услубшиносӣ ҳам қайд намудааст. Шерба ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ онро ба чизҳои ба талабагон маълуми забони модарӣ муқоиса карда омӯхтанро маслиҳат медод. Дар давраи шуравӣ Шерба бештар ба масъалаи луғат ва тартиб додани он диққат додааст.
Александр Матвеевич Пешковский (1878-1933) яке аз шогирдони Ф.Ф.Фортунатов мебошад. Баробари ин дар корҳои ӯ таъсири ақидаҳои забоншиносии Потебня низ мушоҳида мешавад. Ӯ бештар ба масъалаи грамматикаи нормативию тасвирӣ диққат додааст. Дар маркази тадқиқоти ӯ масъалаҳои функсияҳои интонатсия, орфографияю методика меистанд. Ақидаҳои асосии Пешковский доир ба забон дар асари машҳури олим («Русский синтаксис в научном освещении» (1914) – «Шарҳи илмии синтаксиси русӣ» инъикос ёфтаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё