Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

духтаре буд, ки якзайл табассум мекард. “Дар ин солу замон одами худотарс ҳам ёфт мешудааст-дия”. “Чиро ин хел мегӯед?” “Ба назари ман, ҳама ба якдигар дом мегузоранд, ҳар кас аз пайи шахси дигар аст.” “Албатта чунин ашхос вуҷуд доранд, аммо на ҳама баддилу бадандешанд.” “Бале, акнун бовар мекунам. Тилло ёфтед магар?” “Не. Камтар пул. Модом ки соҳибаш пайдо нашуд, натарсида харҷ кунем, айб намешавад. Чӣ гуфтед?” Духтар ҳамоно механдид. “Чӣ мешуд, ки меҳмони ман шаведу ин моли худододро ба ҳам бинем?” Намедонам, ки чӣ хел ҷуръат пайдо карда ба вай чунин пешниҳод намудам. Интизор будам, ки писҳанде мезанад ва ба роҳи худ меравад. Аммо духтар табассумкунон китф дарҳам кашид. Ман аз нози ӯ далертар шудам. “Хонаи ман он қадар дур нест. Пушти чойхонаи “Роҳат”, чӣ гуфтед?” “Майлатон...” “Рафтем”.

Аввал ба мағозаи шаробфурӯшӣ даромадем, сипас растаҳои бозори “Баракат”-ро гаштем. Ҳар он чӣ духтар мефармуд, ҳамонро мехаридам. Пас аз соате ба манзили ман расидем.

Кӣ мегуфт, ки соате пеш ҷавоне будам зиёд кулфаткада, дасту дил аз одаму олам шуста. Ҳамаро фаромӯш сохта будам. Мехостам шабе базму тараб ороям, чунон нӯшам, ки!.. Бале, ба ин ҳақ дорам. Ман ӯро фириб надодаам. Аз ин ҷониб хиёнате сар назадааст. То ба ин рӯз сӯи дӯшизае бо назари ҳавас чашм напартофтаам. Ҳамеша пеши назарам сурати Рӯҳафзо буд. Гумон мекардам, ба ғайр аз ӯ зоти ҷинси латиф вуҷуд надорад. Лекин... лекин ӯ булӯри сидқу вафоро чил-чил шикаст. Пас чаро ман шароб нанӯшам, бо дигаре набошам? Зиёда аз ин худи Офаридгор барои таскини дил ман имрӯз имкон фароҳам овард. Кисаи холииамро пур кард. Бо зебосанам рӯ ба рӯ сохтам, ки ҳатто ту киву чӣ нагуфта ҳамроҳ ба манзилам меояд.

Бо камоли меҳрубонӣ борониашро кашида овехтам ва худашро ба хонаи дигар даъват кардам. Ӯ ба рӯи нимкат тарзе паҳлӯ зад, ки гӯё хонаи худаш бошад. Ман зуд либос иваз кардам.

“Шумо бароҳат нишинед, ман ба ошхона мегузарам”. Таҳти садои баланди мусиқӣ гӯшту равған пора мекардам. Дили

пешина
аз 120
навбатӣ