Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ГУФТУГӮ БО ХОНАНДАИ ИН КИТОБ
Дуруд, хонандаи закиву нуктасанҷ! Инак, бори саввум аст, ки дари манзили туро мезанам. Чун ҳамеша дар даст ба ҷуз чанд навиштапора ҳадяе надорам. Медонам, ту низ аз ин фақир магар ин дафтари ҳикояҳо чизе умедвор нестӣ, чун замони мо бӯҳронист ва дасти мо кӯтоҳтар аз домони орзуҳои мост. Воқеан, ту маро шинохтӣ? Бале, ҳамонеам, ки андар ин мулк бархе худиву бахше омадаам хонанд. Вале ман худро мусофире дар ҷодаи душворсипари худшиносӣ донам.
Банда мафҳуми Миҳанро ҳаргиз тангу сода надонистаам. Аз шаҳристони Сӯҳу марзҳои ориёии Риштону Хӯканд, Намангону Андиҷон, Ӯшу Марғилон, Самарқанди бостониву Бухорои шариф, водии Сурхону Тоҷикистони кунунӣ то хокҷойи Мавлоно Ҷомиву фарҷомгаҳи ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ – тамоми хоки поки Хуросони таърихиро Ватани хеш донистаам. Мехоҳам аз зодгоҳи худ фаротар пой гузорам ва ин марзу буми ормониро як-як дидаву орзу шиканам. Рӯзе, ки бо ин ният ба роҳ уфтодам, дар кулбор ҳамчун тӯша килкеву дафтаре бо чанд пора сиёҳнавис ва мушти хоке аз манзили модар доштаму бас.
“Донистани ҳафт пушти хеш ҳанӯз кам аст, ҳафтод ҳазор пушти хешро шинохтан бояд”, – таълим додаанд устодони ман. Вале миёни мову ниёкон роҳе пурпечу тоб иборат аз асрҳову асрҳост. Ба пиндор, барои шинохти гузаштагон боистӣ ҳамвора ба пеш қадам зад. Вале роҳ дур асту дур ва машаққаташ мардафкан.
Ай хонандаи хушманди ман! Шояд ту пай бурдагистӣ, ки чаро ман дар нимароҳ бозистодам ва дари манзили туро кӯфтам? Оре, раҳсипарӣ дар айёми нодорӣ басо мушкил бувад. Ман дар манзили чун ту дӯсти беғараз кӯфти роҳ баровардан мехоҳам. Дами дар сӯҳбати ту будан имкон ёфта, ба паймудараҳам дубора назари амиқ меандозам, то хумор шиканаму нерӯи дигар ёбам. Охир маро зуд-зуд хумори он шаҳристоне мегирад, ки дар яке аз рустоҳои он хуни нофам рехта. Он макони биҳиштосо дар паси симхорҳост. Сиёсатмадорони давр миёни ману ақрабои ман хати ҷудой кашидаанд, тухми нифоқ коридаанд.
Эй мизбони бомаърифати ман! Ман омадам, ки бо ҳам хумор шиканем, ёди бобову бибиҳои раҳматӣ кунем. Ва боз лаҳзае чанд бо чангу чағона чакомаи ишқ хонем.
Ман зиёд вақтатро намегирам. Бароям ҳамагӣ чанд соат басанда бошад. Сипас боз қӯлбори сафарӣ ба дӯш хоҳам гирифт ва қаламро асо сохта, роҳро давом хоҳам дод, то расам ба мулки дилхоҳ, то расам ба ҳадди худшиносӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё