Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
хоҳарам, ки бо афсӯсу надомат нигошта буд, сӯзиши диламро даҳчанд мекард: “Чун киёнӯкарон ёр-ёргӯён анӯшаву домодро аз кӯчаи мо мегузарониданд, дудам ба фалак печид.
Ба ҷои шах шуморо дарбари Рӯҳафзо тасаввур мекардам.
Ростӣ, меҳру вафо гӯфтагии чизҳо ҳама афсона будаанд.
Вагарна, Рӯҳафзо, ки ҳанӯз аз овони мактабхонӣ дар ҳаққи шумо сӯхтаму мурдам мегуфт, ин қадар шоду масрур дар бораи домод намерафт...”
Шароби гирон мехостам. Чунон шаробе бошад, ки... Даст ба ҷайб андохтам, ақаллан тангае пайдо накардам. Воқеан беҳуда кисакобӣ мекунам. Ҳамин субҳ ба соҳибхона охирин сумҳоро ҷамъ карда ичорапулӣ додам. Лекин ман ғуми шикамро намехӯрдам. Ҳоло аз қаҳр вуҷудам дар табу ларз буд. Чоки гиребонро васеътар кушодам. Ҳаво ба сару рӯям тири булӯрӣ меандохт. Саропо тар шуда будам. Намедонам чанд вақт сарсарӣ гаштам. Яке ҳис кардам, ки сахт ташнаам. Дар он сари кӯча водопроводеро дидам. Ҳанӯз даст ба лӯлаи об набурда чашмам ба бастае афтод. “Пул” — аз дил гузаронидам. Гумонам хато набуд. Гиреҳи рӯймолчаро кушодам. Расо панҷсад сӯм!
“Худоё, оҳамро шунид” — ғайриихтиёр пичиррос задаам ва ба атроф чашм давондам. Ҳама бетаваҷҷӯҳ ин тарафу он тараф мерафтанд. Ман зуд ба кӯчаи дигар тоб хӯрдам. Ин роҳ ба майхона мебурд. “Чунон нӯшам, ки оламро фаромӯш созам”.
Қадам мепартофтаму эҳсос мекардам, ки касе таъқибам мекунад. Истодам ва ақиб тоб хӯрдам. Касе набуд. Боз пеш рафтам, вале ҳамон эҳсоси мағшуш ба дилам панҷа мезад. Бозистодам, таъқибгаре аён набуд. Чиро дилам ҳичил аст? Насиҳати бобоям ба хотир расид, ки мегуфт: “Чизи ёфтаро зуд аз худ накун. Се бор овоз деҳ, ки оё касе чизе гум кардааст ва ё на.
Агар соҳиби мол пайдо нашуд, сони ором шав”. Аз худ ҳиҷолат мекашидам. Лекин ман... Ман нӯшидан мехоҳам. Ба рағми ёри бевафо хумор шикастан, аз худ бехуд шудан мехоҳам. Охир ин бе пул намешавад. Раззоқ оҳи маро шунид. Вале касе паси гӯшаш ово мекард: “Биист, ин моли ту нест, масраф накун”.
Барои таскини дил роҳгузареро боздоштам: “Чизе гум накардаед?” “Не-ку”. Шахси дувум низ ҷавоби рад дод. Саввумӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё