Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ҳамон гурбадарбагале буд, ки ман як умр аз ӯву амсоли ӯ танаффур доштам.
— Чӣ шуд ба ту, Олимҷон? Чаро ранги рӯят парид? Нотобку нашудӣ? — Шамсуддин даст ба китфонам гузошт.
— Не-е, — ҳиҷолатзада дасти ҳамсари вайро фишурдам, — аз чӣ ин хел фикр мекунӣ?
— Ин тавр, ки бошад, рафтем, борон ҳам шиддат кард, — вай даст ба ҷомадони ман бурд, — ин ҷо тар мешавем.
— Медонӣ-чӣ, Шамсуддин, — ман аз бозувони ӯ доштам, — дафъаи дигар меҳмонат мешавам. Шукр, дидор ҳам дидем.
Аммо имрӯз ба сари болини модар нарасам, намешавад. Одами бемор, пазмон, пазмон кардан хуб нест. Маро бифаҳм, ҷӯраҷон. Маъзарат мехоҳам, илоҷ надорам.
— Навакак гап дигар буд-ку, Олимҷон. Мана хафа кардӣ.
Боз кай фурсат мешаваду...
Ман ӯро ҳайрон мононда ҳадаҳа хайрухуш кардам ва сӯи ғуфраи чиптафурӯшӣ тохтам.
Ба курсии тайёра худро ҳаво додаму сар миёни ду каф гузоштам. Сару рӯям метафсид. Намедонам, дар назари мардум чӣ ҳоле доштам. Вале дар назди худам шармзадае будам, Вайчӣ? Ман чӣ мегӯям, оё ӯ аз ору номус бӯе бурда буд? Ман ӯро бо як нигоҳ шинохтам. Ҳамеша мутмаин будам, ки баъд аз сад сол ҳам ки бинам, мешиносам. Ман чандин вақт баумед мегаштам, ки бо вай боз рӯ ба рӯ меоям. Он гоҳ ду дахон сухани сахт мегӯяму ба рӯяш tuf мекунам. Мо баъди ин паймона дуриҳо дар вазъияте вохӯрдем, ки ду дахон сухан радду бадал кардан чӣ, балки тарзе вонамудам, ки намешинохтамаш. Вале ин кор оё осон даст медод? Ман илоҷро дар падруд гуфтан донистаму бас.
Тайёра ҳамвор парвоз мекард. Чашм пӯшидам. Борон ба шишаи равзана ангушт зада маро ба худ овардан мехост. Борон... борон... Ҳарчанд аз фишори ҳаво гӯшҳоям кулфак задаанд, ман садои боронро ихсос мекунам.
Ҳамон рӯз ҳам ҳаво намнок буд. Ман миёни биёбони хаёлот
беҳис гом мезадам. Мехостам ёди ӯ накунам. Ҳеҷ боварам намеомад, ки Рӯҳафзо аз баҳри ман баромада бошад. Аммо мактуби

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё