Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
нагӯй, Олимҷон. Як шаб ҳазор шаб не. Ман дар ҳаққи ту ба Насима ҳазор бор нақл кардаам. Хурсанд мешавад. Ҳамин лаҳза тайёраи онҳо меояд. Эҳ, рости гап, бе занҳо зиндагӣ файзе надорад, чӣ гуфтӣ? — ҳамхизматам беист гап мезаду чашмонаш барқ мепошид, ҳувайдост, ки аз рӯзгораш ризост, ҳамсари шоистае ҳамқадами ҳаёташ аст, — имшаб, Худо хоҳад, ба ёди рӯзҳои фаромӯшнопазир нишаста аҷоиб мекунем, ҷӯраҷон.
Дар воқеъ, зиндагиат чӣ хел? Ба коми дил расидӣ? Ба ҳамон духтар хонадор шудӣ? Номаш чӣ буд? Ҳая¹, Рӯҳафзо. Бевафоӣ кард? Ҳайфи ишқу муҳаббати беолоиши ту. Дафтар-дафтар мактуб менавиштиву ҳамин хел ҷавоб мегирифтӣ. Чӣ мактубҳое! Пур аз байту тарона Аминам ки аз ту хубтарашро наёфтааст.
Лекин ҳамсари ман кони меҳру садоқат баромад. Ҳазл нест, ки духтар аз гапу калочаяи мардум натарсида шаш соли тамоми интизор шавад. Инак, ба ивази ҳамин қадар азоби ҷудоиҳо Худо хушбахтамон гардонд. Соҳиби духтару писар шудем.
— Муборак бошад. Илоҳо ҳамеша ҳамин зайл саодатманд бошед.
— Ҳазор ташаккур, дӯсти азиз. Ҷони гап ҳамин ки Касима зан неву тиллост. Ана худаш ҳам омад!
Шамсуддин шитобон ба пешвози ҳамсараш рафт. Ман ба ҷуфти хуштолеъ, ки сару рӯи ҳамдигарро бӯсаборон мекарданд, бо ҳавас менигаристам. Ниҳоят онҳо даст ба даст дода ҷониби ман қадам заданд.
Не—е!!! Гӯиё вуҷуди маро барқ зада бошад, таконе хӯрдаму ларзидам.
— Шинос шавед, — Шамсуддин моро ба ҳам муаррифӣ мекард, — ҳамсари ман. Насимаҷон, ин кас дӯсти айёми аскариам — Олимҷон. Аслан шуморо ба ҳам шиносондан ҳоҷат надорад, аз нақлҳои ман ҳамдигарро ғоибона хуб мешиносед.
Насима сӯям даст дароз кард. Табассуми дандоннамое дошт. Ба чашмонаш нигаристам. Нигоҳаш дуздона буд. Бале, ин зан
- Ҳая — дарвоқеъ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё