Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
РОЗ
Гумон мекардам он воқеаи нофорамро кайҳо аз лавҳи хотирам сутурдаам. Вале...
Рӯзи боронӣ буд. Гиребонро ба сар кашида тез-тез қадам мепартофтам.
– Ҳой, Олим! Олимҷон! – овози марғуладоре маро ном мегирифт. Ақиб нигариста шахси тануманди айнакиеро дидам, ришу мӯйлаби зебандае дошт. Ман тааҷҷубзада ба чеҳрааш зеҳн мемондам.
– Ассалому алайкум, нашинохтӣ, Олимҷон! – ӯ фарох оғӯш кушода ба истиқболам мешитофт. Ман ҷомадон ба замин гузоштам ва аз рӯи одоби салом гуфтам, аммо ҳанӯз мутаҳайир будам, намедонистам, ки даст ва ё ба ранги вай оғӯш кушоям. Чун ҷавон айнаки сиёҳ аз чашм гирифт, аз шодӣ қариб буд дилам аз ғилофакаш барояд.
– Ох, Шамс! – хостам дӯстамро танг канор кашам, вале вай кайҳо маро бардошта чарх мезад.
Мо аз дидори ҳамдигар басе фараҳманд будем. Чандин сол мешавад, ки якдигарро надидаем. Чӣ хуш ки рӯзҳои фироқ анҷом ёфт! Шамсуддин чунон паҳлавонпайкар гардидааст, ки шинохтан душвор. Фақат чашмони мешии ҷаззобаш ҳамону ҳамон: беғаш, зудбовар.
– Ба хайр, дӯстам? Ин ҷо чӣ саргардонӣ дорӣ?
– Сафари хизматӣ доштам. Имрӯз поён ёфт. Худат – чӣ? Ҷое парвоз кардани ҳастӣ?
– Не, ҷӯраҷон. Ман ба пешвози ҳамсарам баромадам, – ӯ чатрашро ба сарам дошт, – хонаи хоҳараш меҳмонӣ рафта буд. Воқеан, чипта харидӣ? Не? Ҷудо соз! Шарт нест, ки ҳамин рӯз баргардӣ. Беҳтараш имшаб меҳмони мо шав. Ина бин-а, кам не, ғам не дах соли пур мешавад, ки дидор надидаем.
– Чӣ тавр мешавад? – нӯгизабонӣ гуфтам ман, ҳарчанд мехостам, ки шабе ёди, ки шабе ёди айёми гузашта кунем, кӯфти рӯзгор барорем, – ман ба хона тилфон карда будам, ки ҳамин рӯз меоям.
– Ҳеҷ гап не. Боз тилфон мекунем, хотирҷамъ мешаванд. Не

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё