Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

нарасидаанду ба ёди ишқи номурод барнойии абадӣ ёфтаанд. Бубин, онҳо фириштагони бегуноҳро монанд. О ваҳ! Ман чӣ мегӯям? Фариштагонро ба дилдодагон чӣ нисбатест, ки ҷавҳари муҳаббат дар вуҷудашон нест? Ошиқон қувони сафеданд дар осмони орзуву рӯъё. Онҳо ҷуфт-ҷуфт парвоз мекунанд ба сӯи куббаи улё.

Ва оқибат бозмерасанд ба Кошонаи ишқ — ба олами зебои боло.

Ки болашон нерӯ дорад аз нахустмуҳаббати онҳо — мероси Одаму Ҳавво...”
— Оча!
— Хез, очааш кӯдак гиря дорад. Хез, аллакай субҳ меангорад.

“Сапеда ба сони шири пухта мечӯшаду медамад, то оташи қалби ошиқонро хомӯш созад. Сапеда шир аст? На. Вай як даста тири нуқрафом аст, ки беист сӯи қувони сафед мепарад. Вале он мурғони хушбахт бисёр болои боло, баландтар аз абрҳои парниён сабук-сабук дар парвозанд.

Онҳо аз субҳи пархошҷӯй боке надоранд. Танҳо ҷисми хокии ман аст, ки дар бало монда, ваҳм аз ҳастӣ дораду гурез аз нури зиё.

Бубахш, ай қуи сафеди орзуҳо, ки наметавонам ҳампарвози ту бошам. Бирав”.

“Оҳ, мурғи танам тири фано хӯрд. Рӯҳам аз тан, танам аз ҷон ҷудо шуд!”

“Оҳ, ҷонам...

Аё Подшоҳи муқтадири ҳарду олам, чиро хандӣ ту бар аҳволи зорам?! Аё Халлоқ худои ҷисму ҷонам! Миёни аршу фарш сарсонӣ аз чист?! Бисоз корам, макун ҳайрону зорам!”
— Худоё, ин зан сиҳат нест.
— Оча!!!

пешина
аз 120
навбатӣ