Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
он гуна мебинӣ, ки дар ҳаждаҳсолагиам. Пас чиро бовар намекунӣ, ки ман ҷавониямро абадан ба ту бахшидаам?”
“...”
“Хомӯш ҳастӣ. Маълум мегардад, ки бо сукут гуфтаҳои маро қувват мебахшӣ. Медонӣ-чӣ? Ҳозир мехоҳам сукут наварзӣ. Бо ман ҳамово бошӣ. Ман номи туро бигираму ту номи маро. Ман туро азизи ҷон хонаму ту маро ҳабиби дил”.
“Ин корест бемазмун. Оё маънӣ дорад, ки мо даст ба даст дода нидо дар диҳем ва ҳама орамидагонро беқарору ҷокунем?
Ва саранҷом худ низ ба худ оему дарёбем, ки эҳсоси мо ворастаи занҷир шуда...”
“Ва бехабарон донанд, ки меҳри мо ишқи оламгир шуда!”
“Бирав”.
“Нагӯй, ки бирав. Ту наметавонӣ маро биронӣ. Наметавонӣ бигрезӣ аз ишқ, ҳамчунон ки ман аз ту.
Туро Офаридгор барои ман ва маро барои ту халқ кард.
Моро аз ҳам дур афканд, то мисли Одаму Ҳавво чандин давр-у замон ҳамдигар биҷӯем бо азобу уқубат.
Вале моро ба ҳам нарасонид, то барои ҳамеша ту дарди ману ман дарди ту бошам.
Ҷисми моро ба ҳам наомехт, то ту ормони ману ман ормони ту бошам.
То нуқсеву коҳише аз вуҷуди ҳамдигар наковему наёбем.
То дар тасаввурот ҷавонии ҷовидона ёбем...”
“Аллоҳ соҳибихтиёр аст. Ягон фармудааш бетартибу тан-зим набудааст”.
“Шукри раҳмати Ӯ, ки нигоҳаш ба ошиқон дигар будааст. Агар қудрати Соҳиби дам набудӣ, чӣ гуна ман имкони дидори ту медоштам? Чӣ гуна?!”
“Субҳ медамад. Субҳи солеҳ. Субҳи ширгуна...”
“Ором бош. Аз ҷой нахез. Барои чӣ ту ҳамеша миёни хобу бедорӣ ҳастӣ? Даме фароғат бинмову бубин, ки чун мо ҷуфтҳои муносиб ин ҷо бисёранд. Бале, ишон ҳама ҷавону бенуқсанд. Онҳо пир нахоҳанд шуд. Зеро дар дунёи хокӣ ба ҳам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё