Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ту маро як тан аз шарикдарсҳо медонистиву бас. Рӯзҳои охири таҳсил ба хотират ҳаст? Ҳарду паси як миз ба имтиҳон тайёрӣ медидем. Ту шояд ба гӯшаи хаёл намеоварди, ки оне дар шафатат ҷой дорад, ҳаргиз иштиёқ ба дафтару китобаш нест. Балки омодагӣ ба имтиҳон ҷуз баҳонаи дидораш нест. Банда таманно мекардам, ки он лаҳзаҳо зиёдтар тӯл бикашанд, то зиёдтар дар бораат бимонам, то аз атри нафасат ҳаловат барам. Вале ту, ҳар лаҳза, ки дилат мехост, китобу дафтар меғундоштӣ ва бепарво эълом медоштӣ: “Бас. Хеле хондем. Бевақт шуд. Хуш бош!” Чӣ аламовар буд, ки ҳатто рӯзи охирин чун ҳамешагӣ аз ҷой хестӣ. “Вақт рафт. Хайр, мо ҳам биравем”.

“Он замон ман кӯр будам. Ба фоми садҳо чашмбозон, ки ҳайратзадаву лол ба омезиши ҷони мо менигаранд, қудрати эҳсоси муҳаббатро надоштам. Ҳангоме ишқбӯн пеши дидагонам ғунча кушод, ки ту озурдахотиру ранҷидадил рафта будӣ. Ман ба абадияти ишқ бовар дорам. Медонам, ки ин эҳсоси нодир ба ҳар кас як бор тақдим мегардад. Ва он дар умқи дил тарзе ҷой мегирад, ки зудудан ҳаргиз нашавад. Аз ин боис шоирон булбулони шӯридаанд, чакомасароёни сармаданд дар чамани ишқи аввал. Хоҳ нахустмуҳаббаташон камол ёфта бошаду хоҳ завол”.

“Намедонам, ба ту чӣ посух гӯям. Гумонам, меҳри туро аз синаи дил пок шуста будам. Ман андармони кору бори хеш ҳастам. Мегӯйӣ “мо ҷавонем”. Вале маро чизе мудом ҷониби фаросат мекашад, ақл чарогак мезанаду мебинам, ки мулоқоти мо ҷуз маҳсули хобу рӯзӣ нест. Эҳсос мекунам, ки ниҳоли қомати ман айёми гулро кайҳо паси сар карда. Ҷисми ман ба ҷисми дигаре омехтаву бор оварда”.

Нагуфтам, ки ба ақл гӯш мадеҳ? Аз чӣ нидои дилро бо забони хирад дигаргуна маънӣ медиҳӣ, ки меҳри ман дар ойинай дилат дигар акс намедиҳад? Дурӯғ мегӯйӣ. Худо шоҳид, пас аз ҳар мулоқот ту чанд рӯзи дигар ба худ намеоӣ. Чашм мепӯшиву пеши назарат сурати маро меоварӣ. Бигӯ, оё боре пажмурдору сарсафед, афтодарӯҳу ноумедам дидаӣ? Не. Ҳамеша

пешина
аз 120
навбатӣ