Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ки мардум бинанд, додарам бинад, хоҳарам бинад... Метарсам, ки беобрӯ шавам, наздиконамро сархам кунам.

Рав! Рав!!! Чаро ба ҳолам намегузорӣ? Дастамро сар деҳ. Бубин, ҳама ба мо менигаранд. Вой, ҳама ҷо, дунё аз шаш ҷиҳат пур-пури чашм аст. Дастамро сар деҳ, ки аққалан чашму рӯямро пинҳон кунам.”

“Ибо накун. Аз ишқ ҳаё накун. Ихтиёратро ба ман деҳ. Он чашмҳое, ки мебинӣ, ҳама биҳисанд. Чизеро дарк намекунанд, зеро соҳибонашон кӯрдиланд. Бигзор, ки моро канори ҳамдигар бинанд, то ба маънии ишқ сарфаҳм раванд”.

“Чӣ ҳарфҳо мегӯйӣ? Намефаҳмам. Ваҳ! Зане тарафи мо меояд. Ин рӯъё нест. Возеҳу равшан аст. Бубин, модари фарзандони ту нест магар?”

“Гумон, ки ҳушёр бошӣ... Ман, ки ҳалӯз зан нагирифтаам, бачаҳо аз куҷо? Чун фарзандҳо нестанд, модари онҳо аз куҷо? Бовар надорӣ? Ту ҳамеша ба ҳама чиз бо назари шубҳа менигарсӣ. Аз ҳар чиз чуну чаро меҷӯй. Гуфтам-ку, ману ту навҷавонем. Ману ту маҳбуби якдигарем. То дунё ҳаст, хоҳем буд. Ҳамин сон сарсабзу гулбасар, гулфому гулбабар”.

“Пас эҳсоси маро чӣ гӯйӣ? Он ду нафар кистанд? Магар яке бонуи хонадони туву дигаре соҳиби сари ман нестанд?”

“Шояд... Вале онҳо баъдтар, дар дунёи дигар зуҳур хоҳанд кард. Вале ҳамон дам ҳам наметавонанд моро комилан тасхир намоянд. Онҳо ҷисми моро ба канор хоҳанд гирифт. Ишқи пок бо рӯҳ сару кор дорад. Ман хушбахтам, ки рӯҳи мо гирифтори ҳамдигаранд.

Ту ба амри ақл гӯш мадеҳ, ки одами хокиат мекунад, сӯи нопокиат мекашад.

Тан бидеҳ, ки аз шунидани ҳарфи “муҳаббат” қалбат ноором метапад. Гӯш андоз. Садои ларзиши дил магар садои зангӯлае нест, қофиларо аз фарш ба арши пок мекашад. Ҷонро ҷониби афлок мекашад?”

“Худоро! Ту кистӣ? Ман куҷоям? Дардо! Ман чунин суханҳоро замоне шунидан мехостам, ки кайҳо пушти сар шуда. Он айём чиро ту хомӯш будӣ? Аз чӣ худро ба нодонӣ мезадӣ? Намедидӣ ки саропо месӯхтаму месӯхтам?!”

пешина
аз 120
навбатӣ