Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳой тез дав, Сегӯша аз хизмат баргаштааст! Аз холаи Кумрӣ шодиёна гир!
— Кӣ?! — ҳайрон шудам ман, — кӣ омад мегӯяд?
— Парво накун, ҷӯраҷон, — бача-дия. Донам-надонам, гап задан мегирад.
Мошин боз садо дод. Яке дари яқтабақаи ҳавлии Салимино кушода шуду Шарифаи кӯдакбадаст берун омад. Вай як гӯшаи рӯймоли шолро газида буду ба тарафи ман бо гӯшаи чашм назар меандохт.
— Ҳо-ой, аз холаи Кумрӣ шодиёна гир, Сегӯша аз хизмат баргашт! — овози қосидбача акнун аз дуртар шунида мешуд. Чашмони Шарифаи ҳайдаркокул дурахшиданд ва гӯшаи рӯймол аз зери дандонҳои садафмонандаш раҳо хӯрд.

ЧАКОМАИ ИШҚИ НАХУСТ

Ба дӯстони ҳаммактабам мебахшам

“Маро азоб надеҳ, дигар наё. Мехоҳам фаромӯш созамат. Айб аст, дигар ҷавон нестем. Не, не! Дастатро каш. Тез рав, шавҳарам меояд”.
“Аҷибо, ту кай шавҳар доштӣ? Ҳиҷолат накаш. Биё, биё, ки танг оғушат гирам. Биё, ки пушаймон мешавӣ. “Ҷавон нестем” мегӯӣ? Яъне чӣ? Мо пир шудем? Чӣ хел соламон рафт, ки ҳанӯз шогирди мактаб ҳастем? Бубин, пушти лабонам акнун нишони ҷавонмарди майса мезанад. Ту ҳам дар айни камолоти духтари ҳастӣ. Ниҳоли қоматат ғарқи гул аст.
Мо ҷавонем! Бигӯ: “Ҷавонем!!!”.
Чаро хомӯш ҳастӣ? Розӣ нестӣ, ки айёми шабоб асту мо якҷояем. Ба чӣ бовар намекунӣ, ки мо пир намешавем? Бидон, ки ишқ пирӣ напазирад. То он ки мо ошиқем, пир нахоҳем шуд!” “Бас! Бас!!! Афсона нагӯй. Маро гапи мардум накун. Ман метарсам. Метарсам, ки худро идора карда наметавонам. Метарсам,

пешина
аз 120
навбатӣ