Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

шахсе, ки вохӯрдам, Салим буд. Мошинро доштаму оғӯш кушодам. Ҳамсинфи собиқам як лаҳза мутаҳаййир истод ва нидо кард:

— Эъ! Эъ! — вай ҳам оғӯш кушода ҷонибам меомад. Мо аз камарбанди якдигар дошта давр мезадем, ҳамдигарро мебардоштем.

— Хуш омадӣ! Хуш омадӣ, ҷӯраҷон! Чӣ тавр бо ин ҳол маро шинохтӣ? — вай ба сару рӯйи чанголуд ва либоси кориаш ишорат кард.

— Магар туро нашинохтан мумкин аст? Ман туро аз се фарсах дурӣ бо чашмони пӯшида мешиносам. Охир на ҳама ба мисли ту се гӯш доранд, ҳа!

Салим завқ карда хандид.

— Аммо, — гуфт ӯ, — ту бигӯй, ки гӯши сеюми ман куҷост?

— Мана, — ман шӯхикунон чашм пӯшида даст ба баногӯши рости Салим бурдам. Зеро хуб медонистам, ки холи гӯштинаш дар тарафи рост аст. Аҷабо, магар ман хато кардам? Нобоварона даст ба баногӯши чапаш бурдам.

— Чӣ тавр? Гӯшат куҷо шуд? Ва ё ту Салим нестӣ?!

Ӯ қоҳ-қоҳ механдиду мегуфт:

— Э, ҷӯраҷон-е, зап гапҳое мезанӣ-дия.

Аз чӣ бошад, ки ман музтар шудам. Аз чӣ? Аз “гум” шудани гӯши сеюми Салим? Намедонам, гӯиё як лаҳзаи фаромӯшношудании ҳаётам аз даст мерафт чизеро гум мекардам, балки манзараи нотакроре лаҳза ба лаҳза хира шудан дошт. Ман инро намехостам. Бинобар ин сари Салимро дошта, ба буни гӯшаш зеҳн мондам. Ҷои “гӯш”-и сеюм изи номаълуми теғро пайхас кардам.

— Фаҳмо, — гуфтам ман.

Мошини сабукрав биб-биб садо баровард. Ронанда беқарорӣ дошт.

— Салимҷон, бегоҳ ба ҳавлии мо биё. Масъалаи гӯшро ҳамон ҷо ҳал мекунем.

Яке диққат додам, ки бачаҳои кӯча ба якдигар фарёдкунон мегуфтанд:

пешина
аз 120
навбатӣ