Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
бо меҳр ҷониби Салим нигоҳ мекард. Гӯйӣ бо ин тарзи нигоҳ ба ӯ миннатдорӣ менамуд. Аз ин аламам дучанд гашт ва ҷониби Шарифа бо қаҳр гуфтам:
— Сегӯша!
Тамоми синф гурри хандид. Ман худро ниҳоят ҳиҷолатзада ёфтам. Бехабар мондам, ки буни гӯшам мушти обдоре фаромад. Аз чашмонам оташак париду сарам чарх зад. Ду-се қадам онсӯтар калавидам ва беихтиёр фарёд кашидам:
— Оҷаи зори Сегӯша...!
Аз тарси он ки боз мушти дигаре насиба мегирам, дари синфхонаро бо пой зада кушодаму берун гурехтам.
Рӯзи дигар ҷамъомади кумитаи хонандагонро даъват карданд. Табиист, ки дар маҷлис ман иштирок накардам. Зеро медонистам, ки рафтори маро муҳокима мекунанд.
Баъди ду рӯз боз дар роҳрави нимторик бачаҳо “Гулхор” мехонданд, аниқтараш тамошо мекарданд. Баробари наздик шуданам, гулдуроси ханда баландтар шуд. Ҳис кардам, ки ин ҷо гапе ҳаст.
— Сегӯша! — гуфт касе.
— Сегӯша!!! — такрор кард дигаре. Ханда пурмавҷ шуд. Ман каме худро ба даст гирифта наздиктар рафтам. Ин дафъа “Гулхор” маро зери тозиёнаи танқид гирифта буд. Дар сурати ҳаҷвӣ ман се гӯш доштам, яъне ҷойи даҳонам ҳам гӯши лакатормонанде сабзида буду касеро намешунидам, балки бо се гӯш мелакқидам.
Ман дигар масъули нашрия набудам. Он рӯзҳо маро бори ғаму андӯҳ пахш менамуд. Ҳолам ба ҳоли раиси собиқи сахтгире шабоҳат дошт, ки аз аспи мансаб афтида бошад. Аз ҳамон рӯз сар карда ман сархам мегаштам. “Агент” ҳам надоштам. Касе маро писанд намекард. Ҳамаи ин як тараф монад, аламовараш он буд, ки лақаби Салими сегӯшаро ба ман кӯчонида буданд, ҳарчанд ки ӯ се гӯш дошт, на ман.
Шарифа баъд аз он воқеа ҷояшро дигар кард, ба партай Салим наздиктар ҷой гирифт. Ман то охири таҳсил на рӯйи Салимро медидаму на Шарифаро. Яъне мо ногап шудем.
Ниҳоят имрӯз аз хизмати ҳарбӣ баргашта истодаам. Нахустин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё