Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
Кӯшиш мекардам, ки худро сафед намоям. Чун фишдору таҳдид сахт мешуд, гоҳо узр ҳам мепурсидам. Сарвари мактаб, созмондеҳи корҳои берун азсинфи ва раиси кумитаи хонандагон дар назди акрабои бачаи ҷабрдида ягон вақт маро сарзаниш мекарданд, аммо пас аз рафтани онҳо риёкорона мегуфтанд: “Так держат!” Вале ман дурӯғиҳои онҳоро чун амри муқаррарӣ қабул мекардам. Ҳуллас, дар байни хонандагони мактаб бо фаъоли ном бароварда будам.
Соли охирини таҳсил пай бурдам, ки тамоман танҳо мондаам. Хӯю хислати бачаҳо ноаён дигар шуда буд. Ду-дую чорчор шуда мегаштанд. Писарон ба духтарон меҳрубониву илтифот мекарданд.
Партаи ман паси партаи Шарифа ҷой гирифта буд. Рӯзе аз рӯи одати дерина ҳангоми дарси физика кокулони дарози ӯро ба даст печонда бозӣ мекардам, ки касе бе пушт-пушт аз банди дастам сахт дошт. Сар бардошта бинам – Салим.
– Даста сар те!
– Ту аввал кокули духтара сар те!
Ҳама бо тааҷҷуб ҷониби мо менигаристанд.
– Ту чӣ кордорӣ? Шарифа хоҳарат мешавад?
– Сар те мӯйи духтара, мегӯям!
Гумон кардам, ки панҷаҳои Салим панҷа не, анбӯр бошанд.
Ноилоҷ дастаи мелаҳоро раҳо кардам.
– Ҳолӣ дида меистӣ!.. – дар ҳолате ки банди дастамро мемолидам, Салимро таҳдид кардам.
– Аз дастат чӣ меояд? Зӯр биёяд, дар “Гулхор”-ат мезадагистӣ-дия.
– Мебинӣ-дия.
– Бачаҳо, чим шавед, – муаллими физика, ки ҷавонтарин омӯзгори мактаби мо буд, ба миён даромад. Аммо намедонист, ки ба қазия чӣ хел баҳо диҳад, – чим!!! – қаҳр кард муаллим.
Рости гап, Шарифа маъқулдам буд. Меҳри худро ман бо озурданаш изҳор мекардам. Мегуфт, ки аз шумиҳоят безор шудам, лекин ба касе шикоят намекард, аз ин рӯ мепиндоштам, ба вай ҳам маъқул ҳастам.
Аммо имрӯз медидам, ки вай “соҳибдор” шудааст. Шарифа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё