Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
Мутасаддии “Гулхор” ман мебудам, бинобар ин бисёриҳо ба ман аз бинӣ боло гап зада наметавонистанд. Зоҳиран ҳама эҳтиромам мекарданд. Лекин чанд тан аз танқидшудагон нисбат ба ман дар бағал санги адоват пинҳон медоштанд. Шояд ин тавр набуд, аммо он вақтҳо гумон мекардам, ки дар ҳар гӯшаву канора аз пайи ман мегарданд, мехоҳанд маро дар айни кори ноҷӯя даст гиранду шармсор созанд. Зеро ман на он қадар бачаи оромтабиату хушахлоқ будам. Шояд кумитаи хонандагони мактаб барои он маро ба “Гулхор” масъул карда буд, ки ҳунари расмкашӣ доштам, дар иншонависӣ пешқадами мактаб будам ва кам-кам ҳаҷвияҳо назм мекардам. Барои ман эълон кардани ҳар як шумораи “Гулхор” чӣ қадар ҳаловат мебахшид!.. Мувофиқи нақша бояд моҳе як бор газетаҳои деворӣ мебаромаданд. Аммо дилам мехост, ки моҳе чор мартаба “Гулхор” тайёр кунем, ҳеҷ набошад, дар ду ҳафта як бор. Вале газетаҳое аз қабили “Натуралистони ҷавон”, “Физикони ҷавон”, “Химкони ҷавон”, “Математикони ҷавон”, “Пайшиносони ҷавон” ва боз ину они “.. ҷавон” дар як сол як ё ду бор девори мактабро “зеб” медоданду халос. Одатан чунин “нашрияҳо” ба муносибати Иди арча пеш аз соли нав ва Иди якуми май “нав” мешуданд. Мутасаддиёни бештар аз саҳифаҳои рӯзномаҳои порсолаи ҷумҳуриявӣ мақолаҳоро бурида ба чорчӯбаи махсус мечаспонданд. Факту рақамҳо ва воқеаҳои кӯҳна ба худ хонандагонро ҳеҷ ҷалб намекард.
Ман чор-панҷ “агент” доштам, ки аз фаъолияти ҳамдигар аслан дарак намеёфтанд. Онҳо рӯйхати бачаҳои бетартиб, дарсгурез ва дилозорро ба ман мерасонданд. Чилави ҳамсинфонам дар дасти худам буд. Ман аз ҳаёти пурҷӯшу хурӯши мактаб лаҳзаҳои бисёр хандаоварро интихоб карда метавонистам, ин қабил матолибро дар гӯшаи махсус, ки “Гулчин” ном дошт, ҷой медодам.
Баъзан мешуд, ки “агент”-ҳои ман аз рӯйи хусумати шахсӣ ноҳаққӣ мекарданд. Дар чунин мавридҳо хонандаи ноҷо танқидшуда арзу шикоят мекард ва ҳатто падару модарашро ба сарам меовард. Ман бошам, сир намедодам, яъне “агент”-ҳоямро фош намекардам (ман ҳозир ҳам номи онҳоро ба шумо намегӯям).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё