Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Баҳодур сар бардошт. Нигоҳаш ба ман афтод.
— Ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ, беадаб?! — бо қаҳр гуфт ӯ.
Вале дар дил ман ӯро беадаб мехондам.
— Тез гум шав, мегӯям, сағира!
Аз чӣ бошад, ки арӯси ҷавон бедардона механдид. Шояд ӯ ба ҳоли ман механдид... Ман маҷоли ҷунбидан надоштам. Баҳодур аз замин санг бардошт.

Ман дигар дар воқеият офтобро ба ранги сабз надидам. Вале он манзараи бемислро фақат дар хобҳоям мебинам. Бале, ӯро ҳамон зайл сабзинаву оламро низ сабзранг танҳо дар хоб мебинам. Ягон сабзинаро ба ӯ наметавонам монанд кунам. Пас ман дар ҳаёт фақат як бор дар айёми беғаши тифлӣ ошиқ шуда будаму як бор ҷаҳонро бо ранги ғайримуқаррарӣ муҷалло дидам. Ва як бор аз худ рафтаву як умр ба худ наомадам.

СЕГӮША

Бачаҳои деҳа сарлучу пойлуч бо нидоҳои хурсандии пеш-пеши сабукрав метохтанд. Мошин садо дода — садо дода бешитоб пеш мерафт. Баъзе писарбачаҳои шӯх ба оинаи мошин ангушт зада диққати маро ба худ ҷалб сохтани мешуданд ва даст ба гӯшаи пешонӣ бурда саломи низомӣ медоданд. Ман дар ҷавоб тарафи онҳо даст меафшондам, вале ҳамоно аз дасттоқии хаёлот навори кӯҳнаи хотираҳоро мегузаронидам.

Ман он лаҳзаҳо пеши назар чиро меовардам? Айёми мактабхониро, албатта: дӯстони бачагиамро. Салими сегӯшаро (вай дар буни гӯш ҳоли гӯштини ҳалқавор овезон дошт), Шарифай меладарозро (ки аз шиканҷаҳои ман ҷои гурез намеёфт), муаллими забон ва адабиётамон Саидбековро (вай қалами маро рост карда буд), омӯзгори физика Қосимиро, ки (худамро ба худам нек шиносонда буд) ва даҳлези дарозу нимторики мактабро, ки он ҷо гурӯҳи калони талабаҳо газетаи давории ҳаҷвиро бо хандаву шӯхӣ тамошо мекарданд.

пешина
аз 120
навбатӣ