Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ки барои худам ҳам ғайритабиӣ буд, шарм мекардам. Аммо ҳафтае беш натавонистам эҳсоси худро ҷилав гирам. Оқибат боз часпидам ба шохаи дарахти харсеб, ки аз он ҷо тамоми ҳавлии ҳамсояро тамошо кардан имкон дошт. Ман ба шохаи мустаҳками дарахт, ҳамон тавре, ки ӯ ба зудӣ пай бурда метавонист, ҷой гирифтам. Ғайричашмдошти ман Баҳодур лаппон-лаппон аз хона баромад. Вай аз пушти коҳдон ходаи дарозеро кашида бароварда, рост ҷониби зардолузор омад. Баҳодур аз паст истода ба шохаи дарахти навбар чӯб мезаду меваҳои ҳил-ҳилпухтаи он гур-гур ба замин мерехт. Арӯсаки ҷавон аз хона сабад бардошта баромад. Вай ба тарафи боғи мо нимнигоҳе намекард. Ман аз андешаи хеш, ки шояд дар ин миён пазмонам шуда бошад, шарм мекардам. Баҳодур ходаро сӯе гузошт ва чанд дона зардолуи мавизакро аз замин чиду пуф-пуфкунон аз гард тоза карда як-як ба даҳони Омина андохтан гирифт.
— Ширин?
— Ҳо. Худатон ҳам хӯред.
— Не, ту хӯр, ман...
— Нафаҳмидам.
— Мегӯям, ки ман лабу рӯйи туро мелесам.
Гумон кардам, ки Баҳодур барои ин ҳазли ноҷояш аз арӯсак торсакии обдоре насиба мегирад.
— Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ.
— Мефорад-а.
— Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ.
Фаҳул аз сару манаҳи ҷавонзан дошт ва... Ман чашм пӯшидам, то он манзараи манфурро набинам. Мехостам аз шохи дарахт фароям. Вале бо чашмони баста чӣ сон поин шавам?
— Дастатонро кашед, кас мебинад.
— Дар ҳавлӣ касе нест.
— Вай!
— Кӣ охир?
— Бача.
Ман чашм кушодам. Омина сар миёни зонувони Баҳодур гузошта буду фаҳул ба чоки гиребони ӯ чанг андохта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё