Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

парида баромад, аҷаб хуш намуде дорад. Мусича куҷое ку-ку мегӯяд. Аминам, ки ба мисли садояш пару болаш ҳам сабзранг аст. Аз навои қабки қафас низ қакраи сабз мерезад. Барги сафедор ҳам ба атрофу акноф хишир-хишир рангрезӣ мекунад. Ҳатман ранги сабз мерезад. Ин ранг нақҳати оромиш дорад, бӯйи осоиш мекунад.

— Сиёвуш, саратро бардор. Ма, об нӯш.

Вале ман хуши хестан надорам. Мехоҳам, ки вай боз сари ду зону нишинад, сарамро миёни зонувонаш гирад, бо овози махину ширинаш алла гӯяд, аллае, ки рангу бӯйи сабз зояд. Бо ангуштони дароз – дарозаш мӯйҳоямро, ки бешубҳа, ранги сабз гирифтааст, шона занад. Ин ҷисми ноҷунбонам аз атри нафасаш бӯйи ҷонфизо шамад ва аз вуҷудам неруи рустамона биҷӯшад...

— Сиёвуш!!!

Ӯ ба рӯям аввал як – ду шаппотӣ зад, сонӣ панҷае об пошид. Ман чашм кушодам. Таровати олам шуста шуда буд. Дар тори сарам ӯ танҳо не, ду нафар буданд. Нигоҳашон асари тарсу ваҳм дошт. Ғамгин шудам. Ва боз чашм пӯшидам.

— Аз афти ҳол, ин бача зиён дорад. Худатро эҳтиёт кун, – ин овози Баҳодури фаҳул буд.

— Шумо ӯро ба хонаашон бурда монед. Бача сиҳат нест.

— Хабар диҳем – чӣ... Касе гирифта барад...

— Дар хонаашон кӣ ҳаст, ки... Модарандар чӣ ғам дорад?

— Ростӣ, дили кас аз ин гуна касалиҳо мерамад.

Мазмун ҳамсояи фаҳули мо парҳезкор ҳам буд. Ӯ маро гирифтори кадом як дарди ҳазарӣ мепиндорад. Пас чиро худро ба беҳушӣ зада хоб рафтаам?

Арӯсак шавҳарашро маҷбур мекард, ки маро бардошта то хонаамон барад. Фаҳул ноилоҷ гарданҳорон ҳам шуда мехост маро бардорад. Вале ман бо як чолокие, ки онҳо ҳеҷ чашмдор набуданд, хестаму гурехтам.

Баъди он чанд рӯз берун набаромадам. Дар ин миён ӯ як – ду бор ба ҳавлии мо гузашт, вале ман ноаён худро ба ҳойит мегирифтам. Ӯ чаро ба хонаи мо неомад, намедонистам. Ман аз чӣ сабаб рӯй пинҳон мекардам? Шояд аз ҳолати онрӯзаам,

пешина
аз 120
навбатӣ