Зеҳн
Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Алла, ҷонам, аллаё,
Ширинзабонам, аллаё.

Ман чашму гӯш аз даҳони Оминаи сухангӯ намекандам ва пай мебурдам, ки ашк гиребонамро тар кардааст. Ӯ сарамро ба оғӯш кашида мегуфт:
— Модари ту зани бисёр озода буданд. Гӯяде буд, ки он кас париёранд. Ҳамеша либоси шуставу утухӯрда мепӯшиданд, аз вуҷудашон накҳати гулу райҳон меомад.
Ман беихтиёр сарамро болотар мегирам ва пеши бари ӯро бӯй мекашам. Бале, аз ӯ ҳамон бӯйи хуше меомад, ки бо гуфти худаш, накҳати гулу райҳон мекард. Ин бӯйи атр бошад? Ман дар оғӯши нарму хушбӯяш хумор мешиканам.
— Сиёвушҷон, хез...
Ва аммо ман намехоҳам аз оғӯши ҷонбахшаш дур бошам.
— Сиёвушҷон, хобат бурд-чӣ? Хез, рӯз меравад.
— ...
Сарам чарх мезанад. Олам аз бӯйи атри гиребони Оминаи сабзина накҳатистон мегардад. Чашм намекушоям. Вале тасаввур мекунам, ки ҳама чизи хушрӯйи дунё ба мисли ҳамин арӯсаки сабзина аст.
— Сиёвуш, ба ту чӣ шуд? Чашмата кушо.
Ман дидагонамро боз мекунам.
— Чашми офтоб ҳам сабз аст, нури офтоб ҳам.
— Чӣ мегӯйӣ?!
Аҷабо, аз рӯйу мӯяш, аз вуҷуди беҷурмаш нури сабз мерезад, балки ӯ хуршедест, ки ҳамин ҳозир ман ба ранги сабз мебинам. Ин чӣ эҳсосест, ки маро фаро гирифта? Шояд ин ҳолат фақат ба ман рух намедода бошад. Оё чашмони арӯсаки зебо маро бо ҳамин ранг мебинад?
— Сиёвуш!
— Шумо маро чӣ ранг мебинед? Оё рӯйи ман ҳам ба мисли офтоб сабз метобад?
Ӯ аз сари зонувонаш сарамро оҳиста ба рӯйи шолча мегузорад ва тозон ҷониби ошхона меравад. Олам чӣ хел зебо! Ин ранге, ки ман мебинам, сабзи табиӣ не. Хурӯсе, ки сари девор

пешина
аз 120
навбатӣ