Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Сиёвушҷон, ту модаратро дар хотир дорӣ?
Рости гап, ман аз ин хел саволҳо доимо худро мегурезонам. Намехоҳам, ки атрофиён ба ман чун ба ятимаке бо тараҳҳум муносибат кунанд.
— Хезем, зардолу чинем...
— Анҷак истироҳат кунем. Сиёвушҷон, росташро гӯй, туро модарат азоб намедиҳад?
Ғашам меояд. Аммо ман ба ӯ сахт гуфта наметавонистам. Метарсидам, ки ранҷад.
— Ман модаратро дӯст медоштам. Зан не, фаришта буданд.
Мо тобистонҳо ба Кунҷок мекуҷидем. Боғҳоямон ҳамшафат буд. Модари меҳнатрӯзиат доғи чанд фарзандро дида буданд. Гоҳо бегоҳиҳо ба каппаи мо мегузаштанду бо модарам чак-чак карда мешиштанд. Кайфияти аҷибе дошт сӯҳбати гирди гулхан, мазаи дунбулкабоб ва ё картошкаи зери кӯр пухташудаву балақ-балақ ҷӯшидани чойҷӯши сиёҳ. Ман аз паси забонаҳои оташ ба кӯҳи Ровон, ки ҳамагӣ аз хаскаппаи мо чихил-панҷоҳ қадам дуртар буд, чашм медӯхтам. Дуру дароз чашм медӯхтаму манзараи ваҳмовареро кашф мекардам: дар назарам шаху бодҳӯрдаҳои кӯҳ манзили деву ачинаҳо, макони одамони ёбоӣ, даррандаву паррандаҳои ваҳшӣ менамуд. Ва аз ин тасаввуроти хеш сахт метарсидаму беихтиёр сар ба зонуи модари меҳрубони ту гузошта, бо остини васеи куртаашон чашмонамро мепӯшондам. Он кас сарамро молида-молида алла мегуфтанд.
Оминаҷон резмарез,
Орди гандуми сарбез.
Қайла куну дилба рез,
Алла, ҷонам, аллаё.
Ороми ҷонам аллаё.
Ҳинонию ҳинонӣ,
Лаби чӯб шинонӣ.
Дасташ ба коса дода,
Хулбухоя чинонӣ.
Оши бақайла карда,
Оминая ҳӯронӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё