Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ва манзараи бароям дилангезу гувороро тамошо бисозам. Он моҳи паричеҳра, он дилбари ягона ва он сарви хушдакку рашки хубрӯёни замона ба замин гӯё пой намегузошт, балки мегуфтӣ гулмоҳие буд, ки шино мекард. Гов медӯшид, шир мепухт, ҳавлӣ мерӯфт... Ҳар кори вай, ҳатто таппакҳои задааш, тартибу низоми дигаре дошт. Ба пиндори ман, аҳли хонадон ҳама одамони дилсахт буданд. Охир тамоми чунбуҷӯли оила ба гардани арӯси ҷавон буду бас, дигарон фақат хуфту хӯрро медонистанд. Пиру кампир рӯзе чанд бор паст-паст сурфазанон дар даст офтоба тарафи таҳоратхона мерафтанд ва меомаданд. Албатта оби таҳорати онҳоро ҳам ӯ гарм карда медод.
Писарашон Баҳодур ном дошт, вале нишоне аз паҳлавонӣ надошт. Ҳамин ки Баҳодури фаҳул ба он гулрафтор фармоише дода, мурғобивор лаппида-лаппида ба кӯча баромада мерафт, гӯиё ҷонам медаромад. Ва бе ҳеҷ ибо аз рахнаи девор ба ҳавлии онҳо мегузаштам. Ӯ низ аз афти кор интизори ҳамин лаҳзаҳо мебуд, ки бо ишорати даст ҷонибаш мехонд. Тарзи нигоҳи бебокаш далерам мекард: “натарс, омадан гир, касе нест”. Ҳатман даст ба кисаи камзӯли маҳмалинаш меандохт ва коми маро ширин мекард. Вале аз ин кирдораш каме меранҷидам. Охир маро умеди ширинӣ ба ин даргоҳ намекашид. Ман ҳамту бе ҳеҷ тамаъ ин ҷо меомадам. Гирифтораш будам. Аз ин рӯ ба ишорат маҳтал будам, коре фармояд, ба сар медавидам. Аммо вай намехост, ки ман бе подош хизмат кунам. Чиро намефаҳмид, ки бо ин рафтораш маро меранҷонад? Вале ман ҳеҷ намехостам, ки пешам ҳиҷолатзада бошад. Аз ин рӯ худро ба нофаҳмӣ мезадаму бахшидаашро мегирифтам ва интизори фармоишаш мешудам.
– Бас, монда шудӣ, – рӯзе дар айни зардолучинӣ сатилро аз дастам гирифт ӯ.
– Ҳеҷ монда нашудаам, – метарсидам, ки гуселам кунад.
– Нисфи рӯз шуд, ҳаво сахт тасфид. Биё, як косак оши ҷуворӣ хӯр. Каме дам мегирему боз зардолу мечинем.
Тасаввур мекунед, ману вай, бале, ҳарду танҳо сари як дастархон шишта таъом мехӯрдем. Ман худро дар осмони ҳафтум медидам. Оши ҷурғотноки хунук чунон бомазза буд, ки!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё