Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
— Намеронам, гӯед.
— Ба ту чӣ гӯям...
— Ваъда диҳед.
— Намеронам, духтарам, намеронам.
Духтарак табассум кардани шуд...
Падар бо оби дидаи чак-чакон аз палата баромад. Пушти тиреза рӯру дӯстон, хешу ақрабо меистоданд. Баробари аз дар баромадани пирамард ҳама ба ӯ бо назари савол нигаристанд.
Вай хомӯш ашк мерехт.
— Аҳволаш чӣ ту? Ҳоло ҳам беҳуш? — оқибат бетоқатона пурсид писари калонӣ.
— Гап зад.
— Вай шуморо шинохт?
Падар сар ҷунбонид.
— Чӣ гуфт?
Пирамард хунг-хунг ба гиря даромад.
ВАҚТЕ КИ ХУРШЕД САБЗ ТОФТ
Эҳдо ба устодам Ардамеҳр
Ман ӯро ҳар сари чанд хоб мебинам. Ҳамон сон тару тоза, пироҳани гулобӣ ба бар, остини васеяшро то оринҷ бар задаву кокулони хурмоирангашро, ки агар сар медод, то ҳами зону мезад, гирди сар ҷамбарак печонида. Ҳамеша табассум бар лаб сӯям менигарад, бо ишорат пешаш мехонад. Ва якбора олам ранг бадал мекунад: ҳастӣ ранги сабзи муҷалло мегирад...
Ман сахт ошиқ будам. Ҳамеша пушт-пушти шиғдевор рустӣ-рустӣ ба ҳавлии ҳамсоя менигаристам. Аксаран бахтам механдид: арӯсаки сабзинаи сабзтолеъро рӯи ҳавлӣ даст андар кору бори рӯзгор меёфтам. Ман ҳар ҷо, ки бошам — хоҳ сари шохи харсаги пир, хоҳ паси шиғдевор, хоҳ миёни анбӯҳи бургану шӯразор — дам ба дарун метавонистам соатҳо биншинам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё