Хуморшикан

Китоби мазкур асари бадеии нависанда Марямбонуи Фарғонӣ буда, дорои ҳикояҳо ва қиссаҳои ҷолиб аст. Дар он зиндагӣ ва рузгори одамон тасвир ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 120 саҳифа
ба покии ту касе бовар намекунад. Беҳтар нест, ки аз домани дилдодаат дорӣ, як умр хушрӯзу хуштолеъ бошӣ...
— Эҳ ҷодугаре.
— Ин ту нагӯ. Вай маро маҷбур накардааст, худам ҳамин роҳро маъқул кардам.
— Бас! Бас! Сарам ба дард даромад. Ман ҳоло тоқати гапҳои туву кампири Нигорро надорам! Ҳамаро ҳамон ҷодугар, зол-кампир Нигор медонистааст. Туро аз мо Нигор дуздид. Нигори роҳзан!..”
Кампир дар остона ба рӯи кадбону нигоҳи ҳайратомезе кард.
— Намефаҳмам, апаи Нигор. Шикамам дард мекунад, гуфта буд. Гарму нарм печонида хобонда будем.
— Ваҳ, духтарак дар оташ месӯзад-ку. Ӯро аз сандалӣ дуртар гиред, — кампир ба занҳо дастур дод.
— Апаи Нигор, ин чӣ гап? — ранг аз рӯи модар парид.
— Чӣ, хун! Чува? Келинҷон, ягон ҷомапомаи кӯҳна ҳозир кунед. Духтарак... чӣ гӯям, пешкушо шудагӣ барин. Ман аз ӯҳдаи шифои ин дард намебароям, беҳтараш духтурро чеғ занед.
Норӣ дар бемористон фақат як бор ба ҳуш омад. Ба ҳуш омаду падарашро пурсид.
— Мана, ман омадам, очаҷон, чашмонатро кушо, ҷони додо.
— Додоҷон...
— Ҷон, духтари калону гарони додо, чӣ мегӯӣ?
— Маро дӯст медоред?
— Албатта, ҷони додо. Ба ҷонам баробарӣ. Ба ту чӣ шуд? Гап зан.
— Апаам меояд, додо...
— Апаат?
— Бале меояд. Шумо... ӯро аз хона намеронеҳ?
— ...
— Додоҷон...
— Гап задан гир, духтарам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё